Пулис аз боздошти як зани дигар бо ҷурми ташкили фоҳишахона хабар дод

ВКД боз аз як мавриди дигари ташкили фоҳишахона аз сӯйи як зани дигар хабар медиҳад. Дар ду ҳафтаи моҳи январи соли 2021 ин севумин мавридест, ки ин ниҳод аз боздошти занони гуногун бо гумони ташкили фоҳишахона иттилоъ ба нашр мерасонад. Бино ба иттилои ин ниҳод кормандони пулис дар Истаравшан  зани 41-солаи сокини ҷамоати Сабристон ин […]

Asia-Plus

ВКД боз аз як мавриди дигари ташкили фоҳишахона аз сӯйи як зани дигар хабар медиҳад. Дар ду ҳафтаи моҳи январи соли 2021 ин севумин мавридест, ки ин ниҳод аз боздошти занони гуногун бо гумони ташкили фоҳишахона иттилоъ ба нашр мерасонад.

Бино ба иттилои ин ниҳод кормандони пулис дар Истаравшан  зани 41-солаи сокини ҷамоати Сабристон ин шаҳро бо гумони  ташкил ва нигаҳдории фоҳишахона дастгир кардаанд.

“Номбурда, 5-уми январи соли 2021, дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 27 ва зани 32-солаи сокинони шаҳри мазкур шароит муҳайё намуда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”,-мегӯяд ВКД.

Инчунин ба иттилои ин ниҳод  ин зан 9-уми декабри соли 2020, ба ҷавони 21 ва зани 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр барои ҳамин кор шароит муҳайё намуда, аз онҳо 200 сомонӣ гирифтааст.

Ҳоло ВКД дар баробари ин зан бар асоси моддаи 239 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парванда боз кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.