Антониу Гутерриш мехостааст як давраи дигар раиси СММ боқӣ бимонад

Антониу Гутерриш раиси барҳоли СММ мехостааст, ки барои як давраи дигар номзади Дабири Кулли ин ниҳоди муътабари ҷаҳонӣ шавад. Дар ин бора BBC бо такя ба манбаъҳои Блумберг аз ҳисоби дипломатҳои баландпояи Шӯрои амнияти Созмони миллал хабар медиҳад. Бино ба ин гузориш Гутерриш дар бораи ин тасмими худ, рӯзи 11-уми январ панҷ узви доимии Созмони миллаи […]

Антониу Гутерриш раиси барҳоли СММ мехостааст, ки барои як давраи дигар номзади Дабири Кулли ин ниҳоди муътабари ҷаҳонӣ шавад. Дар ин бора BBC бо такя ба манбаъҳои Блумберг аз ҳисоби дипломатҳои баландпояи Шӯрои амнияти Созмони миллал хабар медиҳад.

Бино ба ин гузориш Гутерриш дар бораи ин тасмими худ, рӯзи 11-уми январ панҷ узви доимии Созмони миллаи муттаҳидро хабардор кардааст.

Гутерриши 71-сола, нахуствазири собиқи Португалия буд, ки соли 2017 барои як давраи панҷсола раиси СММ интихоб шуд.

Давраи раёсати Гутерриш дар поёни соли 2021 ба итмом мерасад ва мувофиқи тартиби мавҷуд дар ин ниҳод номзадҳо чанд моҳ пеш аз интихоби раиси нав ба Шӯрои амният хабар медиҳанд.

BBC мегӯяд, ки Антониу Гутерриш барои эълони тасмими худ мунтазири анҷоми интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ИМА будааст, зеро даврони раёсати Доналд Трамп барои раиси СММ давраи осоне набудааст.

Дар интихоботи раиси СММ номзаде ба даври дигар раҳ меёбад, ки бояд раъйи 9 узви Шӯрои амниятро дошта бошаду аз аъзои доимии Шӯрои амният ҳеч раъйи мухолифе набояд дошта бошад.

Пас аз ин арҳала ин номзад бояд раъйи аксарияти аъзои Маҷмаии умумии СММ ба даст биоварад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.