Дар Суғд 26 корхона аз кор мондааст

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Ҳарчанд гуфта мешавад дар шимоли кишвар дар соли гузашта 107 корхонаву коргоҳҳои нав таъсис ёфтаву 1570 нафарро бо кор таъмин кардаанд, аммо дар ин давра дар вилоят 26 корхона низ аз кор мондаанд. Бар асари аз кор мондаи ин корхонаҳо 238 нафар  низ ҷойи кори худро аз даст додаанд, гуфтанд дар Сарраёсати омори вилояти Суғд ба “Азия-плюс”.

Ҳамзамон  тибқи маълумоти дарёфтӣ  17 корхонаи дигари вилоят, ки бештар аз 900 корманд доранд камобеш ду сол мешавад, ки  фаъолият намекунанд ва ё  дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ин корхонаҳо бо сабаби рақобатпазир набудан дар бозор, набудани фармоишгар ва  талабот ба маҳсулоти онҳо, ҳамчунин қарздорӣ аз андозу бонк зиёда аз 2 сол мешавад, ки фаъолият намекунанд.

Масалан дар Мастчоҳ ҶСК "Ҳасан Абдулов" ки ба коркарди нахи пахта  машғул буд,  бо сабаби қарздории андоз аз соли 2018-ум ин ҷониб кор намекунад. Ё фаъолияти ҶСП "Дорис", ки ба истеҳсоли равғани растанӣ дар ноҳияи Мастчоҳ сару кор дошт, бо ҳамин сабаб аз соли 2017-ум ин ҷониб аз фаъолият бозмондааст. ҶСК "Комбинати маъдантозакунии Адрасмон", дар шаҳри Гулистон, ки консертрати сурб ва нуқра истихроҷ мекунад, бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ паст рафтани нархи маҳсулот аз соли 2013 ба ин сӯй кор намекунад. Ҳоло ҳукуматдорони вилоят талош мекунанд, ки ин корхонаро, ки беш аз 500 корманд дошт, фаъол гардонанд.

Гуфта мешавад корхонаҳое, ки барҳам хӯрдаанд,  асосан  дар шаҳру ноҳияҳои  Мастчоҳ (3 корхона),  Конибодом (4), Спитамен (3), Хуҷанд (2), Деваштич (2),  Гулистон 1 ва ноҳияи Ғафуров 2 корхона будаанд.

39 корхона ва 68 коргоҳҳое наве ки соли 2020-ум дар ҳуддуи вилоят таъсис ёфтаанд, бештар ба истеҳсолу дӯхти либоси мактабӣ,  ниқобҳои тиббӣ, маҳсулоти қаннодӣ,  истеҳсоли  хишти хому пухта, мебел, семент,  коркарди сангҳои табиӣ, қубурҳои оҳанӣ ва плостикӣ, коркарди меваи хушк, регу шағал, дару тирезаҳои алюминий, истеҳсоли гӯшти мурғ ва тухм, истеҳсоли пойафзол,  коркард ва ба навъҳо ҷудокунии партовҳо, истеҳсоли рангҳо,  шоколад,  коғаз ва коғази ташноб, шифер, масолеҳи сохтмониву бетонӣ, тилло, коркарди консенрати флюорит, орд, маҳсулоти ороишӣ ва гигиенӣ (собун ва хокаи ҷомашўӣ) ва монанди инҳо машғуланд.

Дар  Хуҷанд, ки яке аз  шаҳрҳои бузурги саноатӣ  дар кишвар маҳсуб меёбад, соли 2020-ум 17    корхонаи  нави истеҳсолӣ, ки гуфта мешавад  427 ҷойи  корӣ  фароҳам кардаанд, ташкил шудааст.   Шумораи  умумии  коргоҳу корхонаҳо дар маркази вилоят  165-то ҳисоб шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҷумҳурӣ наздики 2,3 ҳазор  корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки наздик ба 700-тои он дар вилояти Суғд қарор доранд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...