Пайрави равияи “Салафия” дар Тоҷикистон маҳкум шуд

Сокини шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан давоми солҳои 2010-2020 аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, пас аз бозгашт ба ватан ӯ ҷиҳати пайвастан ба ин равия байни ҳамдиёронаш тарғибу ташвиқот мебурдааст. Ӯ аз […]

Сокини шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитов ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштан давоми солҳои 2010-2020 аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, пас аз бозгашт ба ватан ӯ ҷиҳати пайвастан ба ин равия байни ҳамдиёронаш тарғибу ташвиқот мебурдааст.

Ӯ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ боздошт ва нисбаташ мутобиқи моддаи 307 (3) (ташкили фаъолияти созмони экстремистӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд.

Дар натиҷа суд Ҳаитовро дар содир намудани аломатҳои ҷиноят мутобиқи моддаи дар боло зикршуда гунаҳкор дониста, ӯро ба 5,6 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Аввали соли 2009 Суди олии Тоҷикистон фаъолияти равияи диниву бунёдгаронаи “Салафия”-ро ғайриқонунӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Қарор бар асоси муроҷиати Прокуратураи генералӣ, ки доир ба таҳдиди фаъолияти “Салафия” ба амнияти давлатии Тоҷикистон, сохти конститутсионии он, инчунин барангехтани адовати динӣ ва этникӣ далелҳо пешниҳод кард, қабул шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.