Иштироки 10 даста дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Суғд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Суғд 10 даста иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дастаҳо ба ду гурӯҳ ҳар кадоме иборат аз 5 даста тақсим шуданд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд. Мусобиқаи мазкур дар Суғд рӯзҳои 21-24 январ дар варзишгоҳи “Лочин” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Мактаби махсуси футболи-Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Сирдарё» (Хуҷанд), «Гулистон» (Гулистон), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) бозӣ мекунанд.

Гурӯҳи «Б» аз тимҳои «Истаравшан» (Истаравшан), Мактаби махсуси футбол (Конибодом), «Эсхата» (Хуҷанд), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Зарафшон» (Ҷаббор Расулов) иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи пешакии мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021 дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешавад. Мусобиқа дар минтақаи Душанбе аз рӯзи 23 январ шурӯъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ФФТ, дастаҳо аз пардохти аъзоҳаққӣ барои иштирок дар мусобиқа озод буда, ҳамаи хароҷоти ташкилу баргузории мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...