Иштироки 10 даста дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар Суғд

Дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Суғд 10 даста иштирок мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дастаҳо ба ду гурӯҳ ҳар кадоме иборат аз 5 даста тақсим шуданд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд. Мусобиқаи […]

Дар мусобиқаи марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ)-2021 дар минтақаи Суғд 10 даста иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дастаҳо ба ду гурӯҳ ҳар кадоме иборат аз 5 даста тақсим шуданд. Мувофиқи регламенти мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳхат мегиранд. Мусобиқаи мазкур дар Суғд рӯзҳои 21-24 январ дар варзишгоҳи “Лочин” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад.

Дар гурӯҳи «А» дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Мактаби махсуси футболи-Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров), «Сирдарё» (Хуҷанд), «Гулистон» (Гулистон), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) бозӣ мекунанд.

Гурӯҳи «Б» аз тимҳои «Истаравшан» (Истаравшан), Мактаби махсуси футбол (Конибодом), «Эсхата» (Хуҷанд), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Зарафшон» (Ҷаббор Расулов) иборат аст.

Ёдрас мекунем, ки марҳилаи пешакии мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021 дар се минтақа – Душанбе, Суғд ва Хатлон баргузор мешавад. Мусобиқа дар минтақаи Душанбе аз рӯзи 23 январ шурӯъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ФФТ, дастаҳо аз пардохти аъзоҳаққӣ барои иштирок дар мусобиқа озод буда, ҳамаи хароҷоти ташкилу баргузории мусобиқаро Лигаи футболи Тоҷикистон бар дӯш дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.