Коронавирус дар Тоҷикистон: рӯзҳои истироҳат маълумоти оморӣ тағйир наёфт

Date:

То субҳи 18 январ вазъи марбут ба шумори сироятёфтагон аз коронавирус ва фавтидагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, тағйир наёфт.

Ба ин тариқ, давоми рӯзҳои истироҳат маълумоти оморӣ тағйир наёфта, ҳамон 13 ҳазору 308 нафар сироятёфтагон ва 90 нафар фавтидагон аз оғози пандемия боқӣ монд.

Бино ба маълумоти расмии оморӣ, теъдоди шифоёфтагон низ тағйир наёфта, 13 ҳазору 218 нафар (93,3%)-ро ташкил медиҳад.

Тавре Донишгоҳи Ҷон Хопкинси Амрико хабар медиҳад, аз оғози пандемияи COVID-19 то субҳи рӯзи шанбе шумори фавтидагон аз ин беморӣ дар саросари дунё ба 2 млн 6 ҳазору 611 нафар расид.

Мувофиқи ин маълумот, шумори умумии сироятёфтагон дар 191 кишвар ва минтақаҳои ҷаҳон 93 млн 765 ҳазору 725 нафарро ташкил дода, зиёда аз 66 млн нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд.

Кишвари аз ҳама пешсаф аз лиҳози теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боқӣ мемонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...