Рӯзноманигор Миҷгона Ҳалимоваро боз ба додгоҳ кашиданд. Аз ӯ 50 ҳазор сомонӣ талаб доранд

Мавзуна Абдуллоева, Asia Plus

Мижгона Ҳалимова рӯзноманигори тоҷикро як оператор-нозири Маркази хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Эсхатабонк” дар шаҳри Ваҳдат Хайриддин Шарифзода ба додгоҳ кашидааст ва хостори рӯёндани 50 ҳазор сомонӣ зарари ҷуброни маънавӣ аз ӯ шудааст.

Ин корманди бонк Мижгона Ҳалимоваро барои резонидани шанъу шараф ва эътибори корӣ ба додгоҳ кашидааст. Аммо худи Мижгона Ҳалимова мегӯяд, ки ин даъвои  корманди бонк асос надорад ва далели собиткунандае ҳам надорад.

Мижгона Ҳалимова, имрӯз, 19 январи 2021 ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар моҳи октябр ҳангоми аз бонк гирифтани мабалғ “ин корманди бонк дар баробари ман муносибати дағалона, ҳато дошноми қабеҳ дода буд”.

“Баъдан ман дар саҳифаи фейсбукиям навишта будам, як гурӯҳи корӣ ҳамон вақт ташкил карда шуд, намоянда аз Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки Эсхата маро даъват намуда, дар шаҳри Ваҳдат, ҷойе, ки Хайриддин Шарифзода кор мекунад мулоқот доир шуд. Он замон Шарифзода аз ман узр пурсида буд. Ҳамон вақт ба ман намояндагони бонк гуфта буданд, ки метавонӣ Хайриддин Шарифзодаро барои рафтори дағалонаш дар вақти корӣ бо муштариён, ба ҷавобгарии ҷинояти бикашӣ. Аммо он замон ман аз ӯ шикоят набурдам, ӯро бахшидам”,-мегӯяд Ҳалимова.

Вале мегӯяд бону Ҳалимова, ки  пас аз як моҳи ҳодиса аз додгоҳи шаҳри Ваҳдат ба ман занг зада гуфтанд, ки оператор-нозири Маркази хизматрасонии ҶСК “Эсхатабонк” дар шаҳри Ваҳдат Хайриддин Шарифзода аз ман барои паст зани шаъну шараф ва этибори корияш шикоят бурдааст.

Ҳоло Мижгона Ҳалимова мегӯяд, ки баъд аз ин кори Хайриддин Шарифзода ӯ ҳам алайҳи вай ба догоҳи шаҳри Ваҳдат аризаи муқобили даъво додааст. Мижгона Ҳалимова ҳам аз догоҳ хостааст, ки Хайриддин Шарифзодаро барои муносибати дағалона ва алфози қабеҳ ҷавобгар кунанд.

Хайриддин шарифзода дар суҳбат ба "Азия-Плюс" ҳам бар сари ҳақ будани худ пойфишорӣ мекунад ва мегӯяд, ки Мижгона Ҳалимоваро дашном надодааст ва танҳо талаботи корхонаро талаб кардааст.

"Ман дар ҳақиқат барои зан буданаш аз ӯ бахшиш пурсидам, вале баъдан вақте ӯ аксҳои маро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карду маро таҳқир намуд ва корбароне, ки шоҳиди ҳодиса набуданд нисбат ба ман суханҳои қабеҳ гуфтаанд. Пагоҳ фарзандони ман ин ҳамаро мебинанд чӣ фикр мекунанд",-мегӯяд ин корманди бонк.

Ин корманди бонк мегӯяд, ки моҳи октябр вақте Мижгона Ҳалимова барои гирифтани пул ба бонк омада буд аз ман пурсон шуд, ки чаро навбати электронӣ пеш намеравад. Ман аз ӯ талаб кардам, ки ниқоб бандад, ки ин талаботи бонк аст.

Аммо Мижгона Ҳалимова даъвои Шарифзодаро бепоя мехонад. Мегӯяд, ки ӯ ба додгоҳ на ҳамчун корманди бонк, балки ба унвони шахс, шикояти инфиродӣ бурдааст ва даъвои паст задани эътибори корияш мантиқ надорад.

Абдураҳмон Шарипов вакили дифои рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова ҳам мегӯяд, ки онҳо ҳам баъди гирифтани хулосаҳои коршиносӣ аризаи муқобили даъвои худро ба додгоҳи шаҳри Ваҳдат супурдаанд.

Вакили мудофеъ мегӯяд, ки Мижгона Ҳалимова бо духтурони маҳаллӣ муроҷиат карда, аз муоинаи тиббӣ гузаштааст. Духтурони асаб дар натиҷаи муоинаи тиббӣ дар ӯ бемории асабро муайян кардаанд, ки бояд ба муолиҷа машғул шавад.

Ҳамчунин вакили дифоъ мегӯяд, ки ташхисҳои равоншиносӣ низ муайян кардааст, ки Мижгона Ҳалимова ба бемории равонӣ гирифтор шудааст ва тибқи хулосаи ташхиси равоншиносӣ аз 25-уми ноябри соли 2020 коршиносон муайян кардаанд, ки барои муолиҷаи ӯ 160 ҳазор сомонӣ зарур аст.

Ҳоло Мижгона Ҳалимова мегӯяд, ки мурофии додгоҳӣ то кунун баргузор нашудааст ва мунтазири оғози мурофиа мебошанд.

Дар гузашта ҳам Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи рӯзноманигор Мижгона Ҳалимова барои хабар надодан ба мақомот парванда боз карда буд ва додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ӯро 25 ҳазор сомонӣ ҷарима баста буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...