Маросими видоъ бо Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов

Дар Душанбе маросими видоъ бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, актёр ва коргардони саршиноси тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов баргузор шуд. Ӯ рӯзи 19 январ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Пас аз нисфирӯзӣ назди хонаи ҳунарманд садҳо нафар ҷамъ омаданд, то ки хотираи ӯро посу гиромӣ доранд. Миёни ҷамъомадагон ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва […]

Дар Душанбе маросими видоъ бо Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, актёр ва коргардони саршиноси тоҷик Ҳабибулло Абдураззоқов баргузор шуд. Ӯ рӯзи 19 январ дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.

Пас аз нисфирӯзӣ назди хонаи ҳунарманд садҳо нафар ҷамъ омаданд, то ки хотираи ӯро посу гиромӣ доранд.

Миёни ҷамъомадагон ёвари президенти ҷумҳурӣ оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини вазири фарҳанг Обид Одилзода, роҳбарону ҳунармандони театр, дӯстону шогирдон ва мухлисони Ҳабибулло Абдураззоқов ҳузур доштанд.

Пас аз маросими ҷаноза дар масҷиди “Сари Осиё” ҷасади Ҳабибулло Абдураззоқов дар оромгоҳи Лучоби пойтахт ба хок супурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.