Тоҷикистону БОР ба маблағи $237,5 млн грантҳо ба имзо расониданд

Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барои татбиқи чор лоиҳа дар соли равон ба маблағи 237,5 млн доллар кумаки бебозгашт мерасонад. Созишномаҳои грантии дахлдор охири соли гузашта байни ҳукумати кишвар ва БОР ба тасвиб расида буданд, хабар доданд аз дафтари кории ниҳоди байнулмилалӣ дар Душанбе. Бо ин маблағ БОР ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани […]

Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон барои татбиқи чор лоиҳа дар соли равон ба маблағи 237,5 млн доллар кумаки бебозгашт мерасонад.

Созишномаҳои грантии дахлдор охири соли гузашта байни ҳукумати кишвар ва БОР ба тасвиб расида буданд, хабар доданд аз дафтари кории ниҳоди байнулмилалӣ дар Душанбе.

Бо ин маблағ БОР ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати баланд бардоштани устувории бахши энергетика, тақвияти бехатарӣ ва эътимоднокии шабакаи миллии роҳҳо, беҳбуди низоми обёрӣ ва таҳкими соҳаи молия ва идоракунии молиявӣ дар кишвар кумак мекунад.

Аз ҷумла, барои рушди соҳаи энергетика 105 млн доллар ҷудо мешавад. Бо ин дастгирӣ суръат бахшидан ба татбиқи ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи энергетика, беҳбуди баҳисобгирии чаканаи неруи барқ ва шабакаи тақсимоти ҷараёни паст ва миёна дар ҳафт шаҳр, инчуин пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа барои таъмини устувории шабакаи роҳҳо бо грант дар ҳаҷми 67,5 млн доллар ду қитъаи роҳи мавҷуда дар вилояти Хатлон – аз Данғара то Оқмазор (28,7 км) ва аз Ҳулбук то Кангурт (59,5км) таъмиру барқарор карда мешаванд.

Лоиҳа ба Вазорати нақлиёт дар ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ низ кумак карда, ба баланд гардидани фаъолмандии занон  дар минтақаи лоиҳа мусоидат менамояд.

Лоиҳаи маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 15 млн доллар идоракунии захираҳои обиро дар ҳавзаи дарёи Панҷ беҳтар мекунад. Кумаки мазкур ба маблағгузории сохтмони таҳшингоҳ дар низоми обёрии Чубек дар қисмати ҷануби кишвар равона мегардад.

Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди соҳаи молия ва идоракунии молиявӣ ба маблағи 50 млн доллар баргузории ислоҳот баҳри беҳбуди этимоднокии бахши хусусӣ ва соҳаи молия ва таҳкими он дар таносуб бо идоракунии молиявӣ пешбинӣ шудааст, ки ба афзоиши сармоягузориҳои хусусӣ кумак мекунад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2020 Бонки осиёии рушд ба ҳукумати Тоҷикистон дар ҳаҷми 320 млн доллар кумаки молиявӣ расонид.

Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад, то ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар нагардонанд.

Қобили зикр аст, ки намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава охири соли 2020 фаъолияташро дар ҷумҳурӣ ба охир расонид. Роҳбари нави дафтари кории БОР дар Душанбе ҳоло таъин нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.