Блогерони тоҷик аз даромад дар YouTube, Facebook, Instagram андоз пардохт мекунанд?

Блогерони тоҷикро ба Кумитаи андоз даъват карда, огоҳ намудаанд, ки онҳо бояд аз даромадашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube андоз пардохт кунанд. Охири ҳафтаи гузашта Усмонҷон Мирзомуродов, ки масъули саҳифаи Tojikonshow дар Instagram аст, ба унвони Кумитаи андоз муроҷиатномаи видеоӣ нашр карда, дар бораи огоҳиҳои кумита аз андозбандии блогерон хабар дод. Саҳифаи Tojikonshow дар Instagram […]

Блогерони тоҷикро ба Кумитаи андоз даъват карда, огоҳ намудаанд, ки онҳо бояд аз даромадашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube андоз пардохт кунанд.

Охири ҳафтаи гузашта Усмонҷон Мирзомуродов, ки масъули саҳифаи Tojikonshow дар Instagram аст, ба унвони Кумитаи андоз муроҷиатномаи видеоӣ нашр карда, дар бораи огоҳиҳои кумита аз андозбандии блогерон хабар дод.

Саҳифаи Tojikonshow дар Instagram қариб 510 ҳазор нафар обуначиён дорад. Ба мо муяссар нашуд, ки бо Мирзомуродов тамос бигирем ва шарҳашро доир ба ин масъала муфассалтар пурсем.

Ин дар Кодекси нави андоз мешавад?

Як манбаи “Азия-Плюс” дар Кумитаи андоз дар робита ба ин масъала хабар дод, ки тартиби андозбандии блогерон ҳоло мавриди таҳия қарор дорад.

“Муқаррароти андозбандии блогерон ва ба сурати умум шахсоне, ки дар интернет даромад доранд, айни замон таҳия мешавад, – гуфт манбаъ. – Шояд он дар як вақт бо Кодекси нави андоз ё баъдтар мавриди амал қарор гирад. Ин талаботи замон аст, чунки ин соҳа босуръат дар ҳоли рушд буда, дар кишварҳои рушдёфта гардиши пул дар он хеле зиёд аст”.

Ба қавли ӯ, ҳама, аз ҷумла блогерон низ назди қонун баробаранд ва мувофиқи қонунгузории нави андоз ҳамаи шахсони дорои даромад бояд андоз аз даромад пардохт намоянд.

“Пас, чаро шахсоне, ки бо кори кори душвори ҷисмонӣ пул кор мекунанд, бояд андоз пардохт кунанду блогерон, ки бо кори осон ҳатто зиёдтар аз онҳо маблағ ба даст меоранд, набояд андоз пардохт намоянд? Чаро, бо кадом сабаб?”, – савол медиҳад корманди Кумитаи андоз.

Ин корманди Кумита мегӯяд, муқаррарот бо назардошти зиён нарасонидан ба блогерон ва ҳамчунин пешгирии пинҳонкунии даромади онҳо таҳия мешавад.

Блогерон ба пардохти андоз омодаанд?

Блогери маъруфи тоҷик Рафаэл Гулов тасдиқ намуд, ки ӯро ба Кумитаи андоз даъват намуда, пурсидаанд, ки аз реклама дар Youtube чӣ қадар пул кор мекунад.

“Маро огоҳ намуданд, ки бояд аз даромадҳоям андоз супорам. Ман гуфтам, ки минбаъд дар мақомоти андох худро сабт намуда, мутобиқи қонунгузорӣ андоз месупорам. Ҳоло усул ва ҷараёни пардохти андозро намедонам, лекин пеш аз роҳандозии фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ё дастрас намудани “Шаҳодатнома” ё патент ба мақомоти андоз муроҷиат мекунам.

Даромади ман начандон зиёд аст, лекин ҳамчун шаҳрванди риоякунандаи қонун мувофиқи қонун андоз пардохт мекунам”, – иброз дошт Гулов.

Зимнан блогер қайд кард, ки ин ба арзиши хизматрасониҳои ӯ барои мизоҷонаш зимни таблиғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъсир намерасонад.

Блогерони писандидаи Zanjabil Bro изҳор доштанд, ки ин қадр даромади зиёде надоранд ва агар боз андоз пардохт намоянд, барои фаъолият пул намемонад.

“Дар як моҳ як реклама дар Instagram медиҳем. Пулҳои начандон зиёди бадастовардаамонро барои пули интернет, пур кардани тавозуни телефон ва иҷораи дафтари корӣ харҷ мекунем. Яъне мо на он қадр даромаде надорем, ки ҳатто барои зиндагии худ сарф кунем. Аз ин рӯ, агар аз мо пардохти андоз талаб кунанд, шояд фаъолиятамонро бандем, чунки барои ин маблағ нахоҳад расид”.

Онҳо қайд кардаанд, ки барои ҷорисозии чунин андоз дар кишвари мо ҳоло барвақт аст, зеро пули коркардаи блогерони мо танҳо барои хароҷоти худ ва таъмини рӯзгорашон мерасад.

“Рекламадиҳандагони машғули кор бо блогерон ҳоло пули иловагии пардохти андозоро ба онҳо дода наметавонанд, зеро тиҷорати онҳо ҳам чандон бузург нест. Умедворем, ки чунин андоз ҷорӣ накарда, баръакс, рушди ин соҳаро дастгирӣ мекунанд”, – илова карданд блогерон.

Аксари блогерон аз шарҳи ин масъала то муайян шудани ҳамаи ҳолатҳои он худдорӣ варзида, лекин қайд карданд, ки мухолифи чунин андозбандианд ва ба гумони ғолиб, блогу саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебанданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.