Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон қабули шаҳрвандонро барқарор кард

Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон (оид ба масоили муҳоҷират) аз 20 январи соли 2021 қабули шаҳрвандонро барқарор мекунад. Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. Сабт барои қабул танҳо онлайн аст. Намояндагӣ огоҳ мекунад, ки ваколатҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии кӯчбандии ихтиёрии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русияро […]

Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон (оид ба масоили муҳоҷират) аз 20 январи соли 2021 қабули шаҳрвандонро барқарор мекунад. Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. Сабт барои қабул танҳо онлайн аст.

Намояндагӣ огоҳ мекунад, ки ваколатҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии кӯчбандии ихтиёрии ҳамватанони муқими хориҷи кишвар ба Русияро танҳо Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон (оид ба масоили муҳоҷират) дар ихтиёр дорад.

Дар қаламрави Тоҷикистон дигар ташкилот ё шахсе, ки ба пешниҳоди хиззматрасонии давлатӣ оид ба Барномаи давлатии зикршуда ҳуқуқи мусоидат дошта бошад, вуҷуд надорад.

Намояндагӣ бо ташкилотҳои тиҷоратӣ ва шахсони сеюм дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия ҳамкорӣ намекунад ва барои фаъолияти онҳо масъул нест.

Хизматгузории давлатӣ бепул бидуни ситонидани боҷҳои давлатӣ ва дигар пардохтҳо расонида мешавад.

Бо қоидаҳои сабти пешакӣ тариқи ин суроға шинс шудан имкон дорад.

Бақайдгирӣ барои машварати аввал оид ба масъалаҳои иштирок дар Барномаи давлатӣ тавассути ин суроға амалӣ мешавад:  https://gppdushanbe.kdmid.ru/queue/.

Сабт ҳар моҳ аз санаи 20-уми моҳи ҷорӣ барои моҳи минбаъда то пурра пур шудани вақт ва рӯзҳои қабул анҷом дода мешавад. Сабти танҳо аризадиҳанда лозим аст, аъзои оила сабт карда намешаванд.

Зимни сабт зикри маълумоти зерин зарур аст:

– Ному насаб ва номи хонаводагии аризадиҳанда;

– Телефон барои тамос;

– Суроғаи почтаи электронӣ;

– Санаи таваллуд.

Дар сурати ошкор шудани такрор (агар аризадиҳанда ба номи худаш ё ба номи аъзои оилааш, ки бо ӯ мекӯчад, беш аз як ариза дода бошад), сабт бекор мешавад.

Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон (оид ба масоили муҳоҷират)

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Толстой, х. 67

Телефон: (992) 37 224-43-49

Почтаи электронӣ: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.