Вазорати корҳои хориҷӣ: раводиде, ки дастури Эмомалӣ Раҳмон буд, дода мешавад

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки механизми додани раводиди сесолаи чандборвурудӣ ё бисёркарата ба ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистонанд фаъол аст. Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат мегӯяд, ки аз тамоми намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, ки ҳаққи судури раводидро доранд, мешавад ин навъи раводидро дарёфт кард.

Ин таъкиди вазорат дар ҳолест, ки бархе аз хонандаҳои “Азия-Плюс” дар саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки барои дарёфти ин навъи раводид дар хориҷи кишвар дучори мушкил шудаанд.

Додани ин раводидро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ҳангоми ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дастур дода буд.

“Бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад”,-гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон додани ин раводидро тадбири муҳиме дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудани солҳои 2019-2021  ва  “ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон” хонда буд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин мегӯяд, агар зодагони Тоҷикистон  дар ҳар гӯшаи дунё, дар намояндагиҳои дипломатӣ барои гирифтани ин раводид ба мушкил мувоҷеҳ шуданд ё дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон барои онҳо душворие пеш оварданд, метавонанд мустақиман ба худи вазорат ба василаҳои тамосе, ки дар торнамои Вазорат гузошта шудааст, муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...