Вазорати корҳои хориҷӣ: раводиде, ки дастури Эмомалӣ Раҳмон буд, дода мешавад

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки механизми додани раводиди сесолаи чандборвурудӣ ё бисёркарата ба ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистонанд фаъол аст. Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат мегӯяд, ки аз тамоми намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, ки ҳаққи судури раводидро доранд, мешавад ин навъи раводидро дарёфт кард. Ин таъкиди вазорат дар ҳолест, ки бархе […]

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки механизми додани раводиди сесолаи чандборвурудӣ ё бисёркарата ба ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистонанд фаъол аст. Раёсати иттилоот ва матбуоти вазорат мегӯяд, ки аз тамоми намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар, ки ҳаққи судури раводидро доранд, мешавад ин навъи раводидро дарёфт кард.

Ин таъкиди вазорат дар ҳолест, ки бархе аз хонандаҳои “Азия-Плюс” дар саҳфаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки барои дарёфти ин навъи раводид дар хориҷи кишвар дучори мушкил шудаанд.

Додани ин раводидро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта ҳангоми ироаи паёмашон ба Маҷлиси Олӣ дастур дода буд.

“Бо мақсади соддагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад”,-гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон додани ин раводидро тадбири муҳиме дар доираи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудани солҳои 2019-2021  ва  “ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон” хонда буд.

Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин мегӯяд, агар зодагони Тоҷикистон  дар ҳар гӯшаи дунё, дар намояндагиҳои дипломатӣ барои гирифтани ин раводид ба мушкил мувоҷеҳ шуданд ё дар сафоратхонаҳои Тоҷикистон барои онҳо душворие пеш оварданд, метавонанд мустақиман ба худи вазорат ба василаҳои тамосе, ки дар торнамои Вазорат гузошта шудааст, муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.