Даргузашти овозхони маъруф Бобоҷон Азизов дар синни 70-солагӣ

Бобоҷон Азизов, овозхони шинохта ва маъруфи се даҳаи поёни даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 70-солагӣ бар асари бморие, ки дошт дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, роҳбари дастаи давлатии Шашмақом дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст. Қарор аст ҷанозаи марҳум фардо, соати 10.00 дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргузор ва дар ҳамон […]

Asia-Plus

Бобоҷон Азизов, овозхони шинохта ва маъруфи се даҳаи поёни даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон, имрӯз дар синни 70-солагӣ бар асари бморие, ки дошт дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб даргузашт. Дар ин бора Фурқат Саидзода, роҳбари дастаи давлатии Шашмақом дар саҳфаи фейсбукаш хабар додааст.

Қарор аст ҷанозаи марҳум фардо, соати 10.00 дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргузор ва дар ҳамон ҷо мадфун шавад.

Бобоҷон Азизов аз овозхонҳои маъруфи солҳои 70-90-уми Тоҷикистон буд, ки соли 1950 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда буд. Ӯ дар соли 1983 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон ва дар соли 1996 Ҳунарманди халқии Тоҷикистонро барои саҳми чашмгир дар ҳунари овозхонии Тоҷикистон соҳиб шуд.

Хатмкардаи риштаи забону адаби тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб буд.

Солҳои зиёде дар Хонаи маданияти шаҳри Кӯлоб ва Театри мусиқӣ-мазҳакаи Кӯлоб ба номи С. Вализода овозхон буд. Аз соли 1989 роҳбари бадеии ансамбли «Навои Хатлон» буд.

Дар эҷоди суруду оҳангҳо сабки хоса дошт. Сурудҳои «Дилҳо нишона карда», «Ёди Ватан», «Ҳарфи дигар мазан», «Нолаи Кова», «Хорӣ макун», «Модар», «Ту ширинлаб» аз шоҳкорҳои ҳунари Бобоҷон Азизов дониста мешаванд.

Бобоҷон Азизов маҳорати хуби ҳунарпешагӣ  низ дошт ва дар чанде аз намоишҳо – «Карим Девона», «Хусрав ва Ширин» нақш офаридааст.

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" даргузашти ин овозхони шинохтаро барои ҷомеаи фарҳангӣ ва аҳли хонаводаи эшон таслият мегӯяд ва барояш ҷаннати баринро орзу мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.