Тоҷикистону Эрон барои такмили нақби “Истиқлол” дигарбора ба тавофуқ расиданд

Тоҷикистону Эрон бо нашри як қарордод барои такмили нақби “Истиқлол”, ки кишварро бо қисмати шимол мепайвандад, ба тавофуқ расиданд. Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» миёни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳузури вазири нақлиёти Тоҷикистон Азими Иброҳим, сафири Эрон дар Тоҷикистон  ва раиси ширкати “Фароб” имзо шуд. Дар ин бора як […]

asia+, asia+

Тоҷикистону Эрон бо нашри як қарордод барои такмили нақби “Истиқлол”, ки кишварро бо қисмати шимол мепайвандад, ба тавофуқ расиданд. Қарордоди иҷрои марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» миёни ширкати эронии “Фароб” ва Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳузури вазири нақлиёти Тоҷикистон Азими Иброҳим, сафири Эрон дар Тоҷикистон  ва раиси ширкати “Фароб” имзо шуд. Дар ин бора як манбаъ аз Сафорати Эрон дар Душанбе ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Қарор аст дар марҳилаи дувум ширкати “Фароб”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон корҳои марбут ба равшанидиҳӣ, ҳавокашӣ, оташнишонӣ, насби дурбинҳои назоратиро ба анҷом бирасонад.

Ин маросим шоми 20-уми январ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и Душанбе сурат гирифтааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ёдоварӣ аз эҷоди баъзе мушкилиҳо, ки сабаби ба таъхир уфтодани кор дар идомаи бунёди нақби “Истиқлол” шудаанд, гуфтааст, ки “Тоҷикистону Эрон ду кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои таърихи муштараканд, ки Эрон дар татбиқи бисёр лоиҳаҳои зерсохтӣ дар Тоҷикистон, аз қабили сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда 2” ва нақби “Истиқлол” ширкат намудааст”.

Азими Иброҳим гуфтааст, ки “марҳилаи дуввуми лоиҳаи нақби «Истиқлол» то ҷашни 30 солагии истиқлолияти кишвар ба поён хоҳад расид”.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ низ дар ин маросим гуфтааст, ки “марҳилаи дуввуми ин лоиҳа бомваффақият ба анҷом хоҳад расид ва гоми дигаре ба сӯи рушд ва боландагии Тоҷикистон бардошта хоҳад шуд”.

Раиси ширкати “Фароб” Алии Вакилӣ дар ин маросим гуфтааст, ки  "Фароб” яке аз бузургтарин ва ботаҷрибатарин ширкатҳои Эрон аст, ки тарҳҳои зиёдеро дар дохилу хориҷи Эрон дар заминаҳои сохти неругоҳҳои барқи обӣ, ҳароратӣ, роҳу тунел, нафту газ ва ғайра иҷро кардааст.

“Гурӯҳи фаннӣ-муҳандисии “Фароб” тарроҳӣ ва сохти нургоҳи “Сангтӯда 2”-ро, ки намоди дӯстӣ ва пайванди амиқи ду миллати Эрону Тоҷикистон мебошад, дар корномаи худ ба сабт расондааст”,- гуфтааст вай.

Ҳарчанд ҳоло гуфта нашудааст, ки барои анҷоми корҳои марҳилаи дувуми такмили бунёди нақби “Истиқлол” чӣ миқдор маблағ масраф мешавад, аммо ишора шудааст, ки саҳи ҷонибҳо 50 дарсадӣ хоҳад буд.

Раиси ширкати “Фароб” дар ин замина гуфтааст, ки “саҳми Тоҷикистону Эрон дар ин лоиҳа 50 дарсадӣ буда ва агар ҳарду тараф тааҳҳудоти худро бамавқеъ иҷро кунанд, то ҷашни 30 солагии истиқлоли Тоҷикистон он ба истифода дода хоҳад шуд”.

Аммо моҳи октябри соли 2019 Ризо Ардакониён, муовини вазири энержии Эрон ҳангоми дидор бо Сӯҳроб Мирзозода, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон ба расонаҳои эронӣ гуфта буд, ки Эрону Тоҷикистон барои анҷоми корҳои нақби “Истиқлол” муштаракан 10,5 миллион доллар ихтисос хоҳанд дод, ки саҳми 50 дарсадӣ хоҳад буд.

Нақби “Истиқлол”-ро ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад, Эрон бо харҷи бештар аз 60 миллион доллар ва дар муддати 3 сол сохт. Онро соли 2006 бо ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури собиқи Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.