Китобхонаҳои бепул дар хиёбону кӯчаҳои пойтахт

Виктория Петрова, Asia-Plus

Лоиҳаи Kitobz.tj тасмим гирифт, ки дар шаҳри Душанбе “китобхонаҳои кӯчагӣ”-и бепул ташкил кунад. Ҳадаф аз ин иқдом ҷалби мардум ба китобхонӣ аст.

Ин тарзи ҷалби мардум ба китобхонӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст. Хоҳишмандон аз онҳо китоби маъқулшудаашонро  бепул гирифтаву хонда ва боз ба ҷояш баргардонида метавонанд. Ё дар навбати худ метавонанд ба ин “китобхона" китоби худро оранд.

Дар шаҳрҳои гуногуни Фаронса, Олмон, ИМА, Русия, Колумбия, Украина ва чанде аз дигар кишварҳо даҳҳо чунин китобхонаҳо амал мекунанд.

Ба ин монанд “Китобхонаҳои бепул” ё худ кӯчагӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуданд.

Охири соли 2017 дар боғи марказии Хоруғ 2 ҷевони китоб гузошта шуд. Ҷевонҳо бо ташаббуси роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Умедвор” Зоҳир Шоҳмусалламов гузошта шуда, он аз ҷониби ширкати “Помир Энержи” дастгирӣ ёфт. Даҳто чунин ҷевонҳо тайёр карда шуданд.

Роҳбари лоиҳаи Kitobz.tj Баҳром Саъдиев мегӯяд, захираи “китобхонаҳои кӯчагӣ”-ро дилхоҳ шахс зиёд карда метавонад. Ҳар моҳ санҷиш гузаронида шуда, китобе, ки намерасад, илова ва зиёдатиаш гирифта мешавад.

“Аз оғози татбиқи лоиҳаи Kitobz.tj 1 март 4 сол пур мешавад ва тӯли ин муддат мо зиёда аз 35 ҳазор нусха китоб дастрас намудем, – изҳор дошт ӯ.  – Соли 2021 дар Душанбе 10-то чунин “китобхонаи кӯчагӣ” гузоштанием ва огаҳем, ки дар кадом мавзеи пойтахт зиёдтар китобхонҳо ҳастанд. Ин маркази шаҳр, маҳаллаҳои 82-юм, Зарафшон, Садбарг, қаламрави наздикии фурудгоҳ, маҳаллаи 46-ум, Гипрозем ва Профсоюз (Филармонияи давлатӣ) мебошанд”.

Зимнан зикр шуд, ки айни замон ташаббускорони ин иқдом розигии шаҳрдории пойтахтро ба гузоштани китобхонаҳо интизоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...