НАВШУДА: Расман аз 1-уми феврал дари масҷидҳо дар Тоҷикистон боз мешавад

Дар Тоҷикистон 1-уми феврал ба намозгузорӣ дар масҷидҳо иҷоза дода шавад. Дар ин бора Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон расман қарор содир кард. Ин тавофуқ дар ҷаласаи дирӯзи Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ки ҳосил шуда. Масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно 3-юми марти соли 2020 баста буданд, ки […]

Дар Тоҷикистон 1-уми феврал ба намозгузорӣ дар масҷидҳо иҷоза дода шавад. Дар ин бора Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон расман қарор содир кард.

Ин тавофуқ дар ҷаласаи дирӯзи Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, ки ҳосил шуда.

Масҷидҳоро дар Тоҷикистон пас аз хуруҷи вируси куруно 3-юми марти соли 2020 баста буданд, ки дубора дар охири моҳи март боз иҷоза доданд, вале аз 18-уми апрели соли 2020 дигарбора дари масоҷид ба далели пешгирӣ аз сироят наёфтан баста шуда буд.  

Гуфта мешавад дар ҷаласаи Ситод Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи дин масъул шудаанд, ки шарту шароити намозгузорӣ дар масоҷидро ба дар назар гирифтани хатарҳои коронавирус муайян кунанд.

Агар то якуми феврал иттифоқи дигаре рух надиҳад ба намозгузорӣ дар масҷидҳо иҷоза дода мешавад, – гуфт манбаъи "Азия-Плюс".

Ситоди ҷумҳурявии пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ниҳодҳои масъулро муваззаф кардааст, ки шарту шароитро барои намозгузорон эълон мекунанд. 

Бино ба иттилои расмие, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар чанд рӯзи ахир пешниҳод мекунад, дар Тоҷикистон мавридҳои сироятёбӣ ба коронавирус дигар сабти ном нашудааст ва беморони гирифтор ба ин вирус ҳам дигар боқӣ намондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.