Пирӯзии толибилмони Хуҷанд дар олимпиадаи байнулмилалӣ

Ғолибони 4-умин олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (маммолики Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда буд, эълон гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам, 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар […]

Asia-Plus

Ғолибони 4-умин олимпиадаи байналмиллалии BRICMATH-2020 аз фанни математика, ки аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (маммолики Бразилия, Россия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда буд, эълон гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар қатори беш аз 2 миллион иштирокчӣ аз 7 кишвари олам, 22 нафар хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд низ дар олимпиадаи мазкур аз фанни дақиқ бо забони англисӣ тариқи фосилавӣ (онлайн) иштирок намуда, аз онҳо 15 нафар хонандагон мақоми аввал ва ғолибиятро дар озмуни мазкур ба даст оварда, бо Диплом ва медалҳо сазовор гардиданд.

Тибқи иттилои директори Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Неъматова,  дар натиҷаи ҷамъбасти озмуни сатҳи ҷаҳонӣ хонандагони литсей — Ибрагимов Сарвар, Раҳимов Меҳрвар, Ибрагимов Раҳимҷон, Тоҷибоев Абдухолиқ, Акрамӣ Назокат, Каримов Анушервон, Абдуқодиров  Мирзоибодулло, Собирзода Меъроҷ, Раҳимов Абубакр, Раҷабов Наврӯзшоҳ, Орипов Абубакр  Шукуров Баҳодур, Аҳмадов Самад бо ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ шарафи Тоҷикистонро дар ин озмун ҳимоя намуданд.

Гуфта мешавад, Олимпиадаи ҷаҳонии  BRICMATH-2020 аз фанни математика аз ҷониби кишварҳои узви паймони БРИКС (кишварҳои Бразилия, Россия, Хиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) ташкил карда шуда, дар он хонандагони синфҳои 1-11 аз кишварҳои гуногуни олам иштирок мекунанд. Имсол соли 4-ум аст, ки олимпиадаи мазкур ташкил карда шуда, бо сабаби пандемияи коронавирус озмун тариқи фосилавӣ сурат гирифт.

Ҳадафи асосии озмун ҷалби кӯдакон ба фанҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ ва рушди тафаккури мантиқии хонандагон мебошад.

Таъкид мешавад, ки дар соли хониши 2020-2021 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ дар кишварҳои Таиланд, Туркия(Анталия) , Русия иштирок намуда, 39 медалро ба даст оварданд, ки аз ин микдор 22 медали тилло, 8 медали нуқра ва 9 медали биринҷи мебошанд. Ин натиҷаро метавон дастоварди беназири мактабиён шумурд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.