Дар Тоҷикистон сабти ном барои дарёфти квотаи таҳсил дар Русия оғоз шуд

Намонядагии ширкати “Россотрудничество” аз оғоз шудани  давраи сабти ном барои дарёфти коватаи таҳсили ройгон дар макотиби олии Русия барои соли 2021/2022 хабар медиҳад. Номнависӣ дар пойгоҳи ин ниҳод (edu.rs.gov.ru) аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 то соати 18.00-и Душанбе  имконпазир аст. Ин ниҳод мегӯяд, ки барои дарёфти квотаҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикситон ва шаҳрвандони Hусия, […]

Asia-Plus

Намонядагии ширкати “Россотрудничество” аз оғоз шудани  давраи сабти ном барои дарёфти коватаи таҳсили ройгон дар макотиби олии Русия барои соли 2021/2022 хабар медиҳад. Номнависӣ дар пойгоҳи ин ниҳод (edu.rs.gov.ru) аз 20-уми январ то 20-уми феврали соли 2021 то соати 18.00-и Душанбе  имконпазир аст.

Ин ниҳод мегӯяд, ки барои дарёфти квотаҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикситон ва шаҳрвандони Hусия, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд? метавонанд сабқат кунанд.

Бахши матбуоти “Россотрудничество” мегӯяд, ки барои номнависӣ зарур аст, ки дар торнамои edu.rs.gov.ru пурсишномаи электрониро пур кард ва онҷо нусхаҳои сканшудаи чанд санадро низ гузошт. Аз ҷумла:

– шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани қайд (шахсоне, ки ба 16-солагӣ нарасидаанд шаҳодатномаи таваллуд ва маълумотнома аз ҷойи зист) бо тарҷуми русии аз сӯйи мақомти нотриалӣ тасдиқшуда; 

– акс, мисле, ки барои шиноснома гирифта мешавад, аксҳои ҳаваскорона пазируфта намешаванд; 

– барои довталабоне, ки таҳсилро дар мактабҳои миёна тамом мекунанду тибқи барномаҳои бакаллавр ва мутахассис мехоҳанд пазируфта шаванд – маълумотнома аз ҷойи таҳсил (рӯйхати баҳо дар нимсолаи аввал) бо тарҷуми русии аз сӯйи мақомти нотриалӣ тасдиқшуда;

– барои довталабоне, ки мактабҳои миёнаро хатм кардаанд (солҳои пеш)-у тибқи барномаҳои бакаллавр ва мутахассис мехоҳанд пазируфта шаванд – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот, аттестат бо замимааш

– барои довталабоне, бахши магистратура, ординатура, апирантура ва ғ. – нусхаи сканшуда (ҳамаи саҳифаҳо)-и дафтарчаи имтиҳонӣ ё маълумотномаи академӣ дар бораи баҳоҳо аз донишгоҳ дар барои ҳамаи солҳои таҳсил, ё  ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсил (диплом бо замимааш)

Дар хабарномаи шартҳои пазируфтани ҳуҷҷатҳо гуфта мешавад, ки “шахсе, ки шаҳрванди Русия асту ҷойи истиқомати доимияш дар Русия мебошад” ҳуҷҷатҳояш пазируфта намешаванд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки доир ба шарту шеваи номнаисӣ ва иштирок дар озмуни дарёфти ковотаҳо аз 26-уми январ то 12-уми феврал, аз рӯзи душанбе то ҷумъа, як бор дар як рӯз, соати 15.00 дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе (гузаргоҳи якуми кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, х.9/1) машваратҳо гузаронида мешавад.

Бо шартҳои дигари номнавис кардан мешавад дар ин суроға шинос шуд.

Русия ҳамасола барои Тоҷикистон дар донишгоҳу донишкадаҳояш бештар аз 600 ковтаи ройгон ҷудо мекунад ва ҳамчунин ҳар сол наздик ба 4 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ба Русия мераванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст