USAID ба китобхонаҳои бачагонаи Тоҷикистон китоб медиҳад

Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дар доираи табиқи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар нақша дорад, ки то охири семоҳаи авввали ҳамин сол ба 56 китобхонаи бачагонаи Тоҷикистон китобҳои нав тақдим кунад. Дар маълумоти Маркази амалисозии лоиҳа қайд мешавад, ки таҳия ва нашри китобҳои бачагона барои тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ яке аз самтҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) дар доираи табиқи лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” дар нақша дорад, ки то охири семоҳаи авввали ҳамин сол ба 56 китобхонаи бачагонаи Тоҷикистон китобҳои нав тақдим кунад.

Дар маълумоти Маркази амалисозии лоиҳа қайд мешавад, ки таҳия ва нашри китобҳои бачагона барои тақвияти малакаҳои хониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Лоиҳа мебошад.

Лоиҳа бо мақсади таблиғи китобхонӣ ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаҳои бачагонаи кишвар дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифу илм ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон татбиқ мешавад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа то ин дам ба 15 китобхонаи шаҳрию ноҳиявӣ маҷмӯи китобҳои бачагонаи иборат аз 90 номгӯй туҳфа шуд. Дар маҷмӯъ ба ҳамаи 71 китобхонаҳои шаҳрию ноҳиявии кишвар боз ҳудуди 140 номгӯй китобҳои тозанашри бачагона ройгон тақдим карда мешавад.

Китобҳо айни замон дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М.Миршакар, инчунин китобхонаҳои 6 ноҳияи ВМКБ (Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа, Мурғоб), ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш, 2 ноҳияи вилояти Суғд (Айнӣ ва Панҷакент) ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон дастрас мебошанд.

Амалисозии лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” пас аз имзои Ёддошти тафоҳум бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ расман оғоз гардид.

Лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ дар самти усули навоваронаи таълим, таъмини хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо китобҳо, инчунин дастгирии кори беруназсинфӣ оид ба хониш бо ҷалби оила, ҷамоат ва бахши хусусӣ нигаронида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.