Маркази Исмоилия дар Душанбе 1 феврал дарҳои худро боз мекунад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Аз 1 феврал дарҳои Маркази Исмоилия дар Душанбе барои адои ибодат боз мешаванд. Ибодати субҳ соати 5:30 ва шом – 18:00 баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Маркази мазкур.

Дар Марказ қайд карданд, ки ибодаткунандагон бояд қоидаҳои санитариву беҳдоштӣ, аз қабили 1,5 метр нигаҳдории масофа, доштани ниқоб ва худдорӣ варзидан аз дастӣ салом карданро риоя намоянд.

Ҳамчунин барои нӯшидани об истифодаи зарфи худ зарур аст.

Ёдрас мекунем, ки дар ин Марказ мунтазам натанҳо маросимҳои динӣ, балки рӯйдодҳои фраҳангӣ, намоишгоҳу ярмарка, суханрониву машғулиятҳои озод, давраҳои таълимӣ барои кӯдакон баргузор мешаванд. Рӯзҳои истироҳат аз соати 9 то 12-и рӯз даромадан ба қаламрави Марказ барои ҳамаи хоҳишмандон озодона аст. Дар ин ҷо сайругашт (экскурсияҳо)-и ройгон гузаронида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, тавре аз Марказ хабар доданд, алҳол он танҳо барои адои ибодат боз мешавад. Дар ибодат дар як вақт то 700 нафар иштирок карда метавонанд.

“Пас аз ифтитоҳи марказ барои ибодат маълум хоҳад шуд, ки баргузории дигар чорабиниҳои Марказ, аз ҷумла машғулиятҳо барои кӯдакон имкон дорад ё не”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе бар асари пешгирӣ аз сирояти коронавирус аз 5 марти соли 2020 баста шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...