Тоҷикистон боз дар гуруҳи кишварҳои фасодзадаи Шохиси фасодкорӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Transparency International  ё худ Ҳаракати байнулмилалии зиддифасод Индекс (Шохис)-и навбатии дарки коррупсия (Corruption Perceptions Index)-ро нашр кард.

Тоҷикистон ба мисли ду солу як сол пеш аз 100 балли имконпазир ҳамагӣ 25 балл касб кард, ки “сатҳи хеле баланди дарки коррупсия”-ро нишон медиҳад.

Дар Индекси Transparency International кишварҳо аз рӯи ҷадвали аз 0 то 100 имтиёз баҳогузорӣ мешаванд. Нишондиҳандаи “сифр” (0) сатҳи баландтарини ришвахорӣ  ва “сад” (100) мизони пасттаринни коррупсия ё худ ҷой надоштани коррупсияро нишон медиҳад.

Ҷумҳурии мо ҳамроҳи Камерун, Гватемала, Эрон, Лубнон, Мадасгаскар, Мозамбик ва Нигерия зинаи 149-умро ишғол мекунад. Раддабандӣ ҳамагӣ 180 кишвари саросари дунёро фаро гирифтааст.

Муаллифони рейтинг кишвари бештар аз Тоҷикистон фасодзадаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ Туркманистон номбар кардаанд, ки ҳамагӣ 19 балл гирифтааст. Афғонистон, Бурунди, Конго ва Гвинея Биссау низ ҳамин миқдор балл гирифта, ҳамроҳи Туркманистон дар зинаҳои 160-169 қарор доранд.

Ӯзбекистон низ аз Тоҷикистон чандон дур нарафта, ҳамагӣ як балл аз Тоҷикистон зиёд гирифтааст ва зинаи 146-умро ишғол мекунад. Соли гузашта ин кишвар дар мақоми 153, соли 2017 – зинаи 157 ва соли 2016 – дар ҷойи 156-ум ҷойгир шуда буд.

Русия, ки Тоҷикистон бо он робитаҳои зич дорад (муҳоҷират, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва ғайра), 50 балл касб карда, ин кишвар низ дорои “сатҳи хеле баланди дарки коррупсия” унвон шудааст.

Давлати стаҳи фасодкориаш нисбатан пасттар дар минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон мебошад, ки 38 балл гирифтааст. Қирғизистон 31 балл дорад.

Дания ва Зеландияи Нав бо касби 88-баллӣ дар садри раддабандӣ қарор доранд.

Финландия, Сингапур, Шветсия и Швейтсария бо касби 85 балл ҳар кадоме дар шашгонаи аввали рейтинг ҷойгир шудаанд. Дар зинаҳои баъдӣ кишвари охирини Скандинавия – Норвегия (84 балл) қарор дорад.

Кишварҳои Сомали ва Судони Ҷанубӣ бо касби камтарин баллҳо зинаҳои охири раддабандиро ишғол кардаанд.

Индекси дарки коррупсия таркибӣ буда, сатҳи дарки коррупсияро дар бахши давлатии кишварҳои гуногун месанҷад. Он аз соли 995 нашр шуда, бар асоси назарпурсии коршиносону соҳибкорон дар саросари дунё аз ҷониби ташкилотҳои мустақил таҳия мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...