Дар Маскав масоили будубоши муҳоҷирони тоҷик дар Русия баррасӣ шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов 27 январ бо сардори Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова дидору гуфтушунид кард. Тавре дафтари матбуоти сафорати ҶТ дар Русия хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди Россия мавриди муҳокима […]

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов 27 январ бо сардори Сарраёсати ВКД ФР оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова дидору гуфтушунид кард.

Тавре дафтари матбуоти сафорати ҶТ дар Русия хабар медиҳад, дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия вобаста ба масоили танзими ҳуқуқии иқомати шаҳрвандони Тоҷикистон, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳудуди Россия мавриди муҳокима қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба лағви қарорҳо ҷиҳати манъи воридшавии гуруҳи муайяни шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русияро ба таври муфассал баррасӣ намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон доир ба механизми ҷалби муташаккилонаи мутахассисон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба Россия табодули афкор сурат гирифт.

“Аҳаммияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолият бо мақсади танзими равандҳои муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид карда шуд”, – қайд мешавад дар хабари сафорат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин робита, ҷиҳати мусоидат ба анҷоми раванди мувофиқасозии лоиҳаи созишномаҳо дар соҳаи муҳоҷират омодагии тарафайн иброз гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.