Ҷавонзане аз Тоҷикистон тифлро назди айвони ятимхонаи Маскав гузоштааст

Asia-Plus

Рӯзи 27 январ ҳавлирӯби ятимхонаи “Павлин” воқеъ дар наздикии боғи “Дубки”-и шаҳри Маскав назди айвони ин муассиса тифли 3-моҳаи дар кампал (одеяло) парпечбастаро меёбад. Мудири ятимхона ба пулис занг зада, то ҳозир шудани пулис модари тифл меояд, хабар медиҳад KP.ru.

Ҷавонзан чанде пеш ба ятимхона омада, кӯдакро супориданӣ будааст, лекин ӯро қабул накардаанд, чунки ин муассиса кӯдаконро аз 3-солагӣ ба тарбия мегирад ва тифлон ин синнусолро ба хонаи кӯдакон додан зарур аст.

“Ҷавонзан Фирӯзахон ном дошта, 22-сола аст. Ба Маскав аз Тоҷикистон омадааст. Гиря карда, ба кормандони пулис изҳор доштааст, ки чанде пеш ба ин ҷо омада, ба раҳбарияти ятимхона рӯирост гуфтааст, ки тифлашро ба онҳо додан мехоҳад, зеро хушдори наваш кӯдакро қабул надорад”, – хабар додааст ба kp.ru як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Пас аз ин Фирӯзахон аз ин муассиса рафта, лекин рӯзи дигар бармегардад ва тифлро назди айвони ятимхона мегузорад.

“Айни замон кӯдак дар бемористон қарор дошта, табибон вазхи солимии ӯро муоина мекунанд. Сабаб ва ҳолатҳои ин ҳодиса таҳқиқ ва то кадом андоза риоя шудани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муносибат бо ноболиғон, инчунин амали волидон оид ба иҷрои уҳдадориҳояшон дар ғамхорӣ дар бораи солимӣ ва инкишофи кӯдак дар ин маврид арзёбӣ мешавад”, – хабар додаанд аз хадамоти матбуоти прокуратураи Маскав.

Аз рӯйи ин далел ҳоло парвандаи ҷиноятӣ боз нашудааст. Агар тифл солим бошад, эҳтимол барои дар хатар гузоштани кӯдак парванда оғоз гардад. Тибқи ин модда, то як соли зиндон ҷазо пешбинӣ шудааст. Лекин агар маълум шавад, ки кӯдак бемору лоғар ва беқувват асту модараш бо ӯ рафтори муносиб надоштааст, пас инро иҷро нашудани уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ баҳогузорӣ карда метавонанд. Ин ҷо ҷазо сахттар аст: то се соли зиндон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...