Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик аз зиндон раҳо шуд

Далер Шарифов рӯзноманигори тоҷик, ки соли гузашта барои як сол равонаи зиндон шуда буд, аз зиндон раҳо шуд. Ӯ гуфт,  субҳи барвақти имрӯз аз сӯйи маъмурини зиндон ба хона оварда шуд. Далер дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар канори хонавода ҳаст ва бисёр эҳсоси хуш дорад. "Ҳоло бо аҳли хонавода ва дӯстоне, ки ба […]

Asia-Plus

Далер Шарифов рӯзноманигори тоҷик, ки соли гузашта барои як сол равонаи зиндон шуда буд, аз зиндон раҳо шуд.

Ӯ гуфт,  субҳи барвақти имрӯз аз сӯйи маъмурини зиндон ба хона оварда шуд.

Далер дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар канори хонавода ҳаст ва бисёр эҳсоси хуш дорад.

"Ҳоло бо аҳли хонавода ва дӯстоне, ки ба хабаргирӣ омадаанд, суҳбат дорем. Чун дар ҳоли ҳозир ба ҳамин чиз бисёр ниёз дорам", – гуфт ӯ.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохт.

Баъди боздошти Далер Шарифов дар баробари созмонҳои миллӣ, ҳамчунин созмонҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар, Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвежии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон борҳо аз ҳукумат хостаанд, Далер Шарифовро озод кунад. Ҳатто созмони ҳомии ҳуқуқи Freedom-Now ба як гурӯҳи махсуси Созмони Милали муттаҳид расман муроҷиат кардааст, ки то куҷо қонунӣ будани боздошт ва зиндонӣ кардани Далер Шарифовро таҳқиқ кунад ва хулосаҳояшро бигӯяд.

Бояд қайд намуд, ки исми Далер Шарифов миёни 378 маҳбусе, ки бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони президенти дигарбора интихобшуда, бахшида шуда буданд, зикр нагардида буд. Бинобар ин, ӯ боз се моҳи дигар дар зиндон монд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.