“Истиқлол” – аввалин иштирокчии даври финалии Ҷоми ФФТ-2021

Дар минтақаи Душанбе бозиҳои давраи дуюми марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд. “Истиқлол”-и Душанбе аввалин иштирокчии даври финалӣ шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, бозиҳо дар гурӯҳи “А” рӯзи 28 январ бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: “Регар-ТадАЗ” – “Локомотив-Помир” – 2:1 ва “Кӯктош” – “Шоҳмансур” – 4:0. Дар гурӯҳи “Б” “Истиқлол” […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар минтақаи Душанбе бозиҳои давраи дуюми марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) баргузор шуданд. “Истиқлол”-и Душанбе аввалин иштирокчии даври финалӣ шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, бозиҳо дар гурӯҳи “А” рӯзи 28 январ бо натиҷаҳои зайл анҷом ёфтанд: “Регар-ТадАЗ” – “Локомотив-Помир” – 2:1 ва “Кӯктош” – “Шоҳмансур” – 4:0.

Дар гурӯҳи “Б” “Истиқлол” тими “Барқчӣ”-ро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, бозӣ байни дастаҳои “Душанбе-83” – “Ваҳдат” мусовӣ – 1:1 ба охир расид.

Аз рӯйи натиҷаҳои ду давр “Истиқлол” бо касби 6 имтиёз барои дигар дастаҳои гурӯҳи “Б” дастнорас шуда, аввалин дастае шуд, ки ба даври финалии мусобиқаи Ҷоми Федератсия-2021 роҳ ёфт.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯйи натиҷаҳои даври гурӯҳӣ дар минтақаи Душанбе ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври финалии Ҷоми Федератсия 2021, ки моҳи феврал дар Душанбе доир мегардад, роҳ меёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.