Каронавируси навъи “бритониёӣ” ба Ӯзбекистон ҳам расид

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон бори нахуст намуди нави коронавируси “бритониёӣ”  муайян шудааст. Дар ин бора торнамои kun.uz бо такя ба Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва муовини вазири тандурустӣ Баҳодир Юсупалиев хабар додааст. Намуди нави коронавируси “бритониёӣ” рӯзи 23-уми январи соли 2021 аз як духтарчаи 10-сола, ки ҳамроҳи хонаводааш аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тошканд баргаштааст пайдо шудааст.

“Тибқи тартиби муқарраршуда, вақте ки шаҳрванд дар фурудгоҳи байналмилали Ӯзбекистон бо усули экспресс озмоиш мешаваднатиҷаи ташкиси ӯ мусбат баромад. Бемор фавран бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи сироятӣ интиқол ёфта худи ҳамон рӯз ӯ аз муоинаи функсионалӣ-клиникӣ гузаронида шуд ва ташхиси асимптоматикии беморӣ муайян карда шуд”-

Муовини вазири тандурустии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев гуфтааст, дар айни замон вазъи умумии бемор духтарчаи 10-сола қаноатбахш аст, ӯ шикояте надорад ва тибқи стандартҳои тиббии дахлдор табобат мегирад.  Натиҷаи ташхиси аъзои хонаводаи бемор, ки ҳамроҳ буданд манфӣ баромада онҳо дар карантини хона мебошанд, гуфтааст ӯ.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аҳолиро ба ҳушёрӣ даъват карда талаб кардааст, ки ниқоби тиббиро дуруст ва мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва корӣ пӯшанд, масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва дастҳоро бештар бо собун шӯянд. Вазорат дар як изҳорот аз шаҳрвандони Ӯзбекистон хостааст дар ҳолати зарурӣ муваққатан аз сафар ба хориҷи кишвар худдорӣ кунанд.

Нимаи моҳи декабри соли 2020 дар Бритониё вируси нави коронавирус ошкор шуд ва аксари давлатҳо парвозҳои ҳавоӣ бо ин кишварро қатъ кард. Ӯзбекистон низ барои таъмини суботи эпидемиологӣ то 1-уми марти соли равон парвозҳои байналмиллаӣ бо кишварҳои Бритониё, Италиё, Олмон, Дания, Утриш, Австралия, Нидерланд ва Африқои Ҷанубиро қатъ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.