“Ҷоми рушд-2021”: Тоҷикистон – Қазоқистон -7:1

Дар вохӯрии аввали худ дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар шаҳри Мински Беларус футболбозони тоҷик ҳамсолони худро аз Қазоқистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 мағлуб карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии даври дуюм футболбозони навраси тоҷик бо дастаи Молодова бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ рӯзи чоршанбе, 3 феврал соати 14:00 […]

Дар вохӯрии аввали худ дар мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар шаҳри Мински Беларус футболбозони тоҷик ҳамсолони худро аз Қазоқистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 мағлуб карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар вохӯрии даври дуюм футболбозони навраси тоҷик бо дастаи Молодова бозӣ мекунанд. Ин вохӯрӣ рӯзи чоршанбе, 3 феврал соати 14:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.

Мусобиқаи анъанавии “Ҷоми рушд-2021” дар маҷмааи футболи Минск ҷараён дорад. Мусобиқа аз рӯи низоми даврагӣ дар як қисм баргузор шуда, ғолиб аз рӯи шумораи имтиёзҳои бештари касбкардааш муайян мегардад.

Мусобиқаи байнулмилалии “Ҷоми рушд-2021” байни наврасон дар Минск

Даври 1-ум

Қазоқистон (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17) – 1:7

Голҳо: Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 32 (0:1). Меҳрубон Каримов, 54 (0:2). Алиҷони Айнӣ, 60 (0:3). Хусрав Тоиров, 66 (0:4). Никита Губарев, 71 (1:4). Хуршед Давлатзода, 80 (1:5). Шаҳриёри Иноятулло, 84 (1:6). Асадбек Ҷӯурабекзода, 89 (1:7).

31 январ. Минск. Манежи футбол.

Даври 2-юм

3 феврал (чоршанбе)

14:00 – ТОҶИКИСТОН (U-17) – Молдова (U-17)

17:30 – Беларус (U-17) – Қазоқистон (U-17)

Даври 3-юм

6 феврал (шанбе)

14:00 – Молдова (U-17) – Қазоқистон (U-17)

17:30 – Беларус (U-17) – ТОҶИКИСТОН (U-17).

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.