Каронавируси навъи “бритониёӣ” ба Ӯзбекистон ҳам расид

Дар Ӯзбекистон бори нахуст намуди нави коронавируси “бритониёӣ”  муайян шудааст. Дар ин бора торнамои kun.uz бо такя ба Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва муовини вазири тандурустӣ Баҳодир Юсупалиев хабар додааст. Намуди нави коронавируси “бритониёӣ” рӯзи 23-уми январи соли 2021 аз як духтарчаи 10-сола, ки ҳамроҳи хонаводааш аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тошканд баргаштааст пайдо шудааст. […]

Дар Ӯзбекистон бори нахуст намуди нави коронавируси “бритониёӣ”  муайян шудааст. Дар ин бора торнамои kun.uz бо такя ба Хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва муовини вазири тандурустӣ Баҳодир Юсупалиев хабар додааст. Намуди нави коронавируси “бритониёӣ” рӯзи 23-уми январи соли 2021 аз як духтарчаи 10-сола, ки ҳамроҳи хонаводааш аз Аморати Муттаҳидаи Араб ба Тошканд баргаштааст пайдо шудааст.

“Тибқи тартиби муқарраршуда, вақте ки шаҳрванд дар фурудгоҳи байналмилали Ӯзбекистон бо усули экспресс озмоиш мешаваднатиҷаи ташкиси ӯ мусбат баромад. Бемор фавран бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи сироятӣ интиқол ёфта худи ҳамон рӯз ӯ аз муоинаи функсионалӣ-клиникӣ гузаронида шуд ва ташхиси асимптоматикии беморӣ муайян карда шуд”-

Муовини вазири тандурустии Ӯзбекистон Баҳодир Юсупалиев гуфтааст, дар айни замон вазъи умумии бемор духтарчаи 10-сола қаноатбахш аст, ӯ шикояте надорад ва тибқи стандартҳои тиббии дахлдор табобат мегирад.  Натиҷаи ташхиси аъзои хонаводаи бемор, ки ҳамроҳ буданд манфӣ баромада онҳо дар карантини хона мебошанд, гуфтааст ӯ.

Вазорати тандурустии Ӯзбекистон аҳолиро ба ҳушёрӣ даъват карда талаб кардааст, ки ниқоби тиббиро дуруст ва мунтазам дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва корӣ пӯшанд, масофаи иҷтимоиро нигоҳ доранд ва дастҳоро бештар бо собун шӯянд. Вазорат дар як изҳорот аз шаҳрвандони Ӯзбекистон хостааст дар ҳолати зарурӣ муваққатан аз сафар ба хориҷи кишвар худдорӣ кунанд.

Нимаи моҳи декабри соли 2020 дар Бритониё вируси нави коронавирус ошкор шуд ва аксари давлатҳо парвозҳои ҳавоӣ бо ин кишварро қатъ кард. Ӯзбекистон низ барои таъмини суботи эпидемиологӣ то 1-уми марти соли равон парвозҳои байналмиллаӣ бо кишварҳои Бритониё, Италиё, Олмон, Дания, Утриш, Австралия, Нидерланд ва Африқои Ҷанубиро қатъ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.