Роҳи сафед. 170 бинокори тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Иркутск рафтанд

Пас аз зуҳури сирояти коронавирус, ки аввали соли гузашта ба вуҷуд омад, гурӯҳи аввали муҳоҷирони кории тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Русия рафтанд. Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 170 нафар бинокорони тоҷик бо иҷозаи Ситоди ҷумуриявии муқовимат бо COVID-19 рӯзи 30-юми январ ба шаҳри Иркутки Русия парвоз карданд. Ҳамаи муҳоҷирони […]

Пас аз зуҳури сирояти коронавирус, ки аввали соли гузашта ба вуҷуд омад, гурӯҳи аввали муҳоҷирони кории тоҷик бо хатсайри чартерӣ ба Русия рафтанд.

Бино ба маълумоти Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 170 нафар бинокорони тоҷик бо иҷозаи Ситоди ҷумуриявии муқовимат бо COVID-19 рӯзи 30-юми январ ба шаҳри Иркутки Русия парвоз карданд.

Ҳамаи муҳоҷирони тоҷики ба Иркутск парвозкарда барои кор дар ширкатҳои сохтмони шаҳр ва вилояти Иркутск даъватномаи расмӣ доранд.

Гуфта мешавад, бо дастури губернатори вилояти Иркурск ҳукумати маҳаллӣ муҳоҷирони кории тоҷикро пешвоз ва ҷиҳати таъмини онҳо бо кору шароити будубош мусоидат мекунанд.

Сафарбарии муташаккили гурӯҳи аввали бинокорони тоҷик ба Русия дар давраи пандемияи коронавирус ба туфайли мусоидат ва ҳамкории зичи ҳукумати ҳар ду кишвар муяссар гардид.

Қобили зикр аст, ки 22 январ дар вохӯрӣ бо доираҳои тиҷоратӣ дар Палатаи савдо ва саноати Русия вазири сохтмон ва ХМК-и ин кишвар Ирек Файзулин изҳор дошта буд, ки механизми вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркия барои кор дар майдонҳои сохтмони ин кишвар роҳандозӣ шуда, аз ҷониби ин ниҳод танзим мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.