Боз 200 ниҳоли Tcell боғи «Ҷавонон»-и пойтахтро оро медиҳанд

Кормандони оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт боз 200 дарахти ақоқиё (акатсия) шинониданд. Ин дафъа ниҳолшинонӣ дар боғи “Ҷавонон” баргузор шуд. Ин дуввумин иқдоми кормандони ширкат аст. Дар аксияи нахустини ниҳолшинонӣ, ки дар боғҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Хайём”-и пойтахт сурат пазируфта буд, кормандони Тсеll ҳамроҳ бо директори генералии ширкат  Озодхон Давлатшоев тӯси сафед […]

Иттилоияи расмӣ

Кормандони оператори пешсаф ва навовари кишвар- ширкати Tcell дар пойтахт боз 200 дарахти ақоқиё (акатсия) шинониданд. Ин дафъа ниҳолшинонӣ дар боғи “Ҷавонон” баргузор шуд.

Ин дуввумин иқдоми кормандони ширкат аст. Дар аксияи нахустини ниҳолшинонӣ, ки дар боғҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Хайём”-и пойтахт сурат пазируфта буд, кормандони Тсеll ҳамроҳ бо директори генералии ширкат  Озодхон Давлатшоев тӯси сафед ва арча шинонида буданд.

Ниҳолҳои ҷадид, ки ҳамакнун боғҳои пойтахтро оро медиҳанд, аз ҳисоби маблағҳои бунёди муҳитзистӣ (экологӣ)-и лоиҳаи “Эко” харидорӣ мешаванд.

Tcell ҳифзи муҳити зистро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳаррӯзаи худ меҳисобад. Ширкати Тсеll барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба масоили ҳифзи муҳити зист, дар моҳи апрели соли гузашта ҷадвали тарофаҳо ва бастаҳои “Эко”-ро роҳандозӣ кард.

Тавассути иштирок дар барномаи “Эко” ҳар як муштари метавонад саҳми худро дар беҳбудсозии вазъи муҳити зист гузорад. Иштирок дар барномаи “Эко” аз Tcell ихтиёрӣ мебошад, яъне муштариён маблағҳои иловагӣ пардохт намекунанд ва саҳми онҳо аз ҳисоби пардохти ҳармоҳа барои тарофа ё бастаи Интернет анҷом мешавад. Сандуқ (фонд)-и ҷамъшудаи маболиғ барои рушди тарҳҳои экологии пойтахт ва дигар манотиқи Тоҷикистон ироа мегардад.

Муфассал дар бораи бастаҳои «Эко»: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/packages-eco.php

«Алло Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/tariff-alo.php

«Даркор Эко»: https://www.tcell.tj/new-tariffs/new-darkor.php

__________________

Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

 Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.