Прокуратураи генералӣ: Хӯҷа-командир ба наздикӣ назди суд ҷавоб хоҳад гуфт

Дар муқоиса бо соли 2019 соли гузашта дар Тоҷикистон 10 ҷинояти куштор бештар ошкор шуд. Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон имрӯз ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ин болоравӣ аз ҳисоби зиёд шудани ошкор гардидани ҳодисаҳои куштори солҳои пешин ба амал омад. Ба гунаи мисол Хӯҷа-командир зикр шуд, ки дар иштирок ё содир […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар муқоиса бо соли 2019 соли гузашта дар Тоҷикистон 10 ҷинояти куштор бештар ошкор шуд.

Прокурори генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон имрӯз ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки ин болоравӣ аз ҳисоби зиёд шудани ошкор гардидани ҳодисаҳои куштори солҳои пешин ба амал омад.

Ба гунаи мисол Хӯҷа-командир зикр шуд, ки дар иштирок ё содир намудани 20 куштори солҳои пешин гумонбар дониста мешавад.

Зикр шуд, ки айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати Хӯҷа Каримов ба итмом расида, ҷиҳати баррасии минбаъда ва содир намудани ҳукм ба мақомоти суд пешниҳод гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли 2020 Хӯҷа Каримов аз Дубай ба Тоҷикистон истирдод шуд. Ӯ ба гумони содир кардани як қатор ҷиноятҳо мавриди пайгард қарор дошт. Аз ҷумла, ӯ ба куштор, шиканҷа, гаравгонгирӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳдории силоҳи оташфишон айбдор карда мешавад.

Хӯҷа Каримов қаблан фармондеҳи саҳроии “Фронти халқӣ” буда, солҳои 1992-1993 ба ҳайси муовини аввали бригадаи махсуси Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва собиқ президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон кор кардааст.

Вай моҳи ноябри соли 1998 дар бинои парлумон ба ҳабс гирифта шуд. Ба ӯ айбнома оид ба ташкили куштори вакилон Саидшо Шоев ва Тағай Шукуров пешниҳод гардид, аммо баъди чанде аз ҳабс озод шуда буд. Соли 1999 Хӯҷа Каримов Тоҷикистонро тарк кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.