Дарси “Ахлоқ ва маърифат” барои исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактабҳо расман манъ шуд

Дарси "Ахлоқ ва маърифат", ки исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактаб мехонданд, расман манъ шуд. Баҳси манъ шудани ин дарс чанд рӯз буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ буд ва ахиран ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки расман он дар мактабҳо манъ шуд. Аз ин ба баъд ин дарс танҳо дар хона ва ҷамоатхона – ҷойи намозгузории исмоилиён […]

Дарси "Ахлоқ ва маърифат", ки исмоилиҳои Тоҷикистон дар мактаб мехонданд, расман манъ шуд. Баҳси манъ шудани ин дарс чанд рӯз буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ буд ва ахиран ҳукумати ВМКБ хабар дод, ки расман он дар мактабҳо манъ шуд.

Аз ин ба баъд ин дарс танҳо дар хона ва ҷамоатхона – ҷойи намозгузории исмоилиён тадрис мешавад, гуфта мешавад дар як хабарномае, ки дар саҳфаи расмии фейсбукии ҳукумати Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон нашр шудааст. Дар ин хабарнома гуфта мешавад, ки раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бар пайи баҳсҳои доманадор бо масъули дину таълими вилоят маҷлис ороставу ин мавзуъро баррасӣ кардаанд.

Ин дарс, ки дар солҳои навадум бо қарори Мушовараи вазорати маорифи Тоҷикситон, иҷозаи Кумитаи дин ва ҳатто гуфта мешавад қарори Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ дар мактабҳои қаламрави вилоят ҷорӣ шуда буд, акнун танҳо "дар сатҳи маҳал (ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ )"  тадрис мешавад. 

Далели инро ҳукумати ВМКБ  чунин баён кардааст: "бо гузашти аём бо дарназардошти роиҷ будани таълимоти дунявӣ дар муассиаҳои таълимии давлатӣ ва зиëд шудани шумораи кӯдакони ғайри исмоили дар мактабҳои вилоят, бахусус дар шаҳри Хоруғ, камчинии вақт, соатҳои дарси ва синфхонаҳо ва дигар мушкилотҳои динии ҷаҳони имрӯза таълими ин дарс муваққатан боз дошта шудааст".

Ҳукумати ВМКБ  мегӯяд, ки масъалаи маҳдуд намудани дарси «Ахлоқ ва маърифат» дар муассисаҳои таълимии қаламрави вилоят ахиран дар байни аҳоли ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси густурдаро ба миён оварда, бо мақсади минбаъд пиёдасозии таълими ин фан раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо масъулини шуъба оид ба корҳои дин танзими анъна ва ҷашну маросими макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Консули минтақавӣ, Шӯрои таълимоти тариқаи исмолия (ИТРЕБ) ва Директори Институи илмҳои гуманитари академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мулоқот намуд.

Дафтари матбуоти раиси ВМКБ мегӯяд, ки раиси вилоят ба таҷрибаи таълими ин фан дар кулли кишварҳое, ки дар онҷо ҷамоати исмоилия иқомат дорад ва ба кӯдакон ин фан тадрис мешавад, ишора намуда, якчанд варианти таълими ин фанро пешниҳод намудааст.

Дар ин маҷлиси тавофуқ ҳосил шудааст, ки ин фан дигар дар маотиб тадрис нашавад: "Баъди ҳаматарфа санҷидани ҳамаи паҳлуҳои шаклҳои пешниҳод шуда ширкатдорон аз мактаб баровардани ин фанро тақозои замон дониста , дар сатҳи маҳал (ҷамоатхона, хонаҳо, биноҳои шахсӣ ) ташкили он барои кӯдакон ва волидайн ба мақсад мувофик шумориданд. Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоят ва ИТРЕБ ба мувофиқа расиданд, ки масъаларо ҳаматарафа омухта, ҳуҷҷатҳои заруриро омода сохта бо органҳои болоии худ мувофиқа мекунанд. Тасмим гирифта шуд, ки уҳдадории ҳарду тараф бояд хеле равшан возеҳ муайян карда шавад".

Як ҳафтаи ахир аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайравони тариқати исмоилияи мазҳабаи аҳли ташайюъ дар Тоҷикистон, ки аксаран сокинони ВМКБ ҳастанд аз манъ шудани ин дарс дар мактабҳо изҳоро норизоятӣ кардаву аз ҳукумат хостори посухи расмӣ шуда буданд.

Акнун ҳукумати ВМКБ изҳори умедворӣ кардааст, ки "рӯзҳои наздик коршиносони мақомоти давлатӣ ва намояндагони таълимоти мазҳаби модели навро хуб кор карда, таълими ин фан, ки холӣ аз ҳамаи намудҳои хурофот, бартарӣ додани мақоми як мазҳаб ва ë равия нисбати дигар мазҳаб ва таълимоти диниву экстремистӣ асту фақат ғояҳои беҳтарини ахлоқу маърифатро ба кӯдакон пешкаш менамояд, боз аз нав шуруъ хоҳад шуд".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.