Дар Тоҷикистон лоиҳаи нави Кодекси ҷиноятӣ таҳия шуд

Лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз ҷониби мутахассисон зери сарварии ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода таҳия шуда, мавриди омӯзиши ҳукумат қарор дорад. Зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав бо дастури […]

Лоиҳаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз ҷониби мутахассисон зери сарварии ёвари президент оид ба масоили ҳуқуқӣ Зариф Ализода таҳия шуда, мавриди омӯзиши ҳукумат қарор дорад.

Зимни нишасти хабарӣ дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки лоиҳаи Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав бо дастури президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон омода гардида, дар он назари коршиносони созмонҳои байнулмилалӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону  ҳуқуқшиносон ба инобат гирифта шудааст.

Дар Прокуратураи генералӣ қайд карданд, ки дар лоиҳаи нави Кодекс сабуксозии ҷазо ба ҷиноятҳои аз ҷониби занону маъюбон ва пиронсолон содиршуда пешбинӣ гардида, барои террорзим, ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин ҷазо сангинтар шуда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар лоиҳаи нави КҶ ҶТ масъалаи аз шумори ҷиноят хориҷ кардани якчанд моддаҳо ва сабуксозии ҷавобгарии ҷиноятӣ аз рӯйи баъзе моддаҳо ба миён гузошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни таҳияи лоиҳа масъалаи ба самти башардӯстона нигаронида шудани қонунгузории ҷиноятӣ пешниҳод шудааст.

“Агар якчанд амали ҷиноятӣ, ки ҳозир барои онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, аз шумори ҷиноят бароварда шаванд, пас минбаъд барои содир намудани онҳо ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷавобгарӣ бо тартиби истеҳсоли судии шаҳрвандӣ пешбинӣ мешавад”, – илова кард манбаъ, лекин аз саҳеҳан номбар кардани моддаҳои зикркардааш худдорӣ варзид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.