Рекорди мутлақи қабули шаҳрвандии Русия дар соли 2020

Соли 2020 656,3 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, ки рекорди мутлаақ ҳадди ақал аз соли 2000-ум мебошад, хабар додааст хадамоти таҳлилии шабакаи байнулмилалии аудиторӣ-консалтингии FinExpertiza бо такя ба маълумоти омории ВКД. Ба иттилои манбӣаъ, тайи солҳои охир сафи хоҳишмандони доштани шиносномаи Русия мудом дар ҳоли афзоиш аст. Аксарияти гирандагони шиносномаҳои Русияро дар соли пандемия […]

Asia-Plus

Соли 2020 656,3 ҳазор хориҷиён шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, ки рекорди мутлаақ ҳадди ақал аз соли 2000-ум мебошад, хабар додааст хадамоти таҳлилии шабакаи байнулмилалии аудиторӣ-консалтингии FinExpertiza бо такя ба маълумоти омории ВКД.

Ба иттилои манбӣаъ, тайи солҳои охир сафи хоҳишмандони доштани шиносномаи Русия мудом дар ҳоли афзоиш аст.

Аксарияти гирандагони шиносномаҳои Русияро дар соли пандемия зодагони Украина (62,4% ё худ 409,5 ҳазор нафар), инчунин зодагони Тоҷикистон (9,7% ё худ 63,4 ҳазор нафар) ва Қазоқистон (6,6% ё 43,4 ҳазор нафар) ташкил додаанд.

Дар рӯйхати нави шаҳрвнадони Русия намояндагони кишварҳои бештар некӯаҳволро низ метавон пайдо кард: соли гузашта 203 нафар сокинони Олмон, 148 шаҳрванди ИМА, 32 бритониёӣ, 19 канадагӣ, 7 швейтсарӣ ва 1 сокини Ҷопон шаҳрвандии Русияро пазируфтаанд.

Тайи солҳои ахир миёни гирандагони шаҳрвандии Русия ҳиссаи сокинони Ураина баъди ба зодагони Ҷумҳуриҳои мардумии Донетск ва Луганск (ДНР ва ЛНР) пешниҳод намудани расмиёти соддашудаи гирифтани шаҳрвандӣ хеле зиёд – 62,4% (409,5 ҳаз. наф.) афзуд.

Дар идома зодагони Тоҷикистон (9,7% ё 63,4 ҳаз. наф.), Қазоқистон (6,6% ё 43,4 ҳаз. наф.), Арманистон (4,7% ё 30,5 ҳаз. наф.), Ӯзбекистон (3,5% ё 23,1 ҳаз. наф.), Озарбойҷон (3,3% ё 21,9 ҳаз. наф.), Молдова (3,1% ё 20,6 ҳаз. наф.), Қирғизистон (1,8% ё 11,9 ҳаз. наф.), Беларус (1,6% ё 10,4 ҳаз. наф.) қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.