Рустами Эмомалӣ ба дақиқан муайян кардани талаботи пойтахт ба кӯдакистонҳо дастур дод

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи амалисозии стратегияи рушди маориф дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2030 ба сохторҳои марбутаи пойтахт дастур дод, ки таъҷилан “харитаи роҳ”-и сохтмони мактабҳои нав ва кӯдакистонҳоро дар шаҳр таҳия намоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе. Бо супориши Рустами Эмомалӣ, ояндаи наздик барӯйхатгирии пурраи муассисаҳои томактабии […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар доираи амалисозии стратегияи рушди маориф дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2021-2030 ба сохторҳои марбутаи пойтахт дастур дод, ки таъҷилан “харитаи роҳ”-и сохтмони мактабҳои нав ва кӯдакистонҳоро дар шаҳр таҳия намоянд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Бо супориши Рустами Эмомалӣ, ояндаи наздик барӯйхатгирии пурраи муассисаҳои томактабии тайи даҳсолаи ахир дар шаҳр бунёдгардида гузаронида шуда, вазъи ҳозира ва мақсаднок истифода шудани онҳо санҷида мешавад.

Ҳамчунин ҳолати пайвастшавии мактабу кӯдакистонҳо ба шабакаҳои барқу обрасонӣ, низоми гармидиҳӣ ва обу корез низ мавриди санҷиш қарор мегирад.

Рустами Эмомалӣ ҳамчунин дастур дод, ки талаботи пойтахт ба муассисаҳои махсуси томактабӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд таъҷилан санҷидаву омӯхта шавад.

Назорати иҷрои дастуру супоришҳои мазкур ба зиммаи Сарраёсати маорифи пойтахт, муовинони раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳои пойтахт вогузор шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.