Дар омӯзишгоҳи касби аввалро омӯхтаи Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи ӯ боз мешавад

Дар бинои Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири солҳои 60-уми садаи гузашта дар он касби аввали худро гирифта буд, ҳукумати маҳаллӣ боз кардани Осорхонаи Пешвои миллатро ба нақша гирифтааст. Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, бо дастури раиси вилоят дар бинои литсей корҳои таъмир оғоз гардида, ҷамъоварии расму […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар бинои Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии шаҳри Левакант, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охири солҳои 60-уми садаи гузашта дар он касби аввали худро гирифта буд, ҳукумати маҳаллӣ боз кардани Осорхонаи Пешвои миллатро ба нақша гирифтааст.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, бо дастури раиси вилоят дар бинои литсей корҳои таъмир оғоз гардида, ҷамъоварии расму нигораҳо барои осорхонаи оянда ҷараён дорад.

Нахустин Осорхонаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон 22 январ дар бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби худи президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд.

Ёдрас мекунем, ки президенти Тоҷикистон фаъолияти кории худро соли 1969 пас аз хатми омӯзишгоҳи касбӣ-техникии№40 дар шаҳри Калининобод (феълан – Левакант) ба ҳайси устои барқи корхонаи равғани Қӯрғонтеппа оғоз кардааст.

Айни замон омӯзишгоҳе, ки дар он Пешвои ояндаи миллат касби аввалини худро гирифта буд, Литсейи касбӣ-саноатии кимиёвии №60 шаҳри Левакант номида мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.