Даври финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ 11 феврал оғоз мегардад

Date:

Рӯзи панҷшанбе, 11 феврал даври финалии ҷашнии 10-уми мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мегардад. Бозиҳо дар Варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд.

Ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, пеш аз оғози ин давр рӯзи 8 феврал маросими қуръакашӣ барои тартиб додани тақвими бозиҳо доир гардид. Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, 7 даста – беҳтарин дастаҳои мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.

Дар гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва дар гурӯҳи «Б» «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳам рақобат мекунанд.

Мувофиқи регламенти мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021, аз рӯйи натиҷаи бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври 1/2 финалӣ роҳхат мегиранд. Баргузории бозии финалӣ Ҷоми ФФТ рӯзи 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Дар даври аввали марҳилаи финалии мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 11 феврал бозиҳои зерин баргузор мешаванд: КМВА – «Истиқлол», «Равшан» – «Мастчоҳ» ва «Барқчӣ» – «Хатлон».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...