Даври финалии мусобиқаи Ҷоми ФФТ 11 феврал оғоз мегардад

Рӯзи панҷшанбе, 11 феврал даври финалии ҷашнии 10-уми мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мегардад. Бозиҳо дар Варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд. Ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, пеш аз оғози ин давр рӯзи 8 феврал маросими қуръакашӣ барои тартиб додани тақвими бозиҳо доир гардид. Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 11 то […]

Asia-Plus

Рӯзи панҷшанбе, 11 феврал даври финалии ҷашнии 10-уми мусобиқаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз мегардад. Бозиҳо дар Варзишгоҳҳои марказии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор баргузор мешаванд.

Ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, пеш аз оғози ин давр рӯзи 8 феврал маросими қуръакашӣ барои тартиб додани тақвими бозиҳо доир гардид. Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз 11 то 20 феврал баргузор мешавад, 7 даста – беҳтарин дастаҳои мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок мекунанд.

Дар гурӯҳи «А» КМВА (Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ) ва «Истиқлол» (Душанбе) ва дар гурӯҳи «Б» «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бо ҳам рақобат мекунанд.

Мувофиқи регламенти мусобиқаи Ҷоми ФФТ-2021, аз рӯйи натиҷаи бозиҳо аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври 1/2 финалӣ роҳхат мегиранд. Баргузории бозии финалӣ Ҷоми ФФТ рӯзи 20 феврал ба нақша гирифта шудааст.

Дар даври аввали марҳилаи финалии мусобиқа рӯзи панҷшанбе, 11 феврал бозиҳои зерин баргузор мешаванд: КМВА – «Истиқлол», «Равшан» – «Мастчоҳ» ва «Барқчӣ» – «Хатлон».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.