Баррасии кори минбаъдаи “Сангтӯда-1” дар вохӯрии вазирони энергетикаи Тоҷикистону Русия

Asia-Plus

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа рӯзи 8 феврал дар Маскав бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгинов дидору гуфтушунид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Русия.

“Дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ (8-9 феврал дар Маскав) лоиҳаҳои ҷорӣ ва минбаъдаи ширкатҳои комплекси сӯзишворӣ ва энергетикаи Русия дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд”, – қайд мешавад дар хабар.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо масоили рушди электроэнергетика дар Тоҷикистон, аз ҷумла кори неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ва имконоти содироти барқи дар неругоҳ истеҳсолшударо мутобиқи созишномаи имзошуда байни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2009 баррасӣ карданд.

Масоили афзоиши интиқоли барқ ва содироти мустақилонаи он чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун ба миён гузошта шуд, хабар дода буданд ба “Азия-Плюс” охири моҳи январ аз неругоҳи “Сангтӯда-1”.

Аз ҷумла масоили мазкур дар ҷаласаҳои Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Дар ширкат қайд карданд, ки мувофиқи созишномаи байниҳукуматӣ ва шартҳои иштироки ҳиссавии Русия дар сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, инчунин созишномаи байниҳукуматӣ оид ба истифодабарии ин неругоҳ, ширкат ба фурӯш ва содирот тибқи шартномаҳои мустақим ва мустақилона ҳуқуқ дорад. Таъкид шуд, ки дар имзои қарордод бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, инчунин ШСХК "Барқи тоҷик" манфиатдоранд, лекин то ҳол аз ин ҳуқуқҳо истифода бурда наметавонанд.

“Ин натанҳо ба беҳбуди нишондиҳандаҳои молиявии ширкат ба манфиати саҳҳомони он (ҳам аз ҷониб Русия ва ҳам Тоҷикистон), балки ба зиёдшавии воридоти маблағ ба Буҷети давлатии ҷумҳуриявӣ имкон медиҳад”, – чунин мешуморанд дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”.

Ягона харидори барқи неругоҳи “Сангтӯда-1” ширкати “Барқи тоҷик” мебошад, ки интиқол, тақсимот ва фурӯши онро ба истеъмолгарон таъмин мекунад.

То аввали соли равон ширкат ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ҳудуди 1,6 млрд сомонӣ (зиёда аз 140 млн доллар) қарздор шуд.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми миёнаи истеҳсоли шабонарӯзии нерӯи барқ дар “Сангтӯда-1” ба ҳудуди 8,4 млн кВт/соат баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...