8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишуда ба сохтмони беморхона дар Данғара равона шуд

Барои анҷоми сохтмони беморхонаи сироятӣ дар Данғара 8 млн сомонӣ равона шуд, ки барои бунёди дигар ишоот пешбинӣ гардида буданд. Сардори Сарраёсати сохтмони вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода зимни нишасти хабарии 10 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони беморхонаи сироятӣ барои 80 кат дар Данғара идома дорад. “Лекин бо сабаби пандемияи COVID-19 сарвазири ҷумҳурӣ […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Барои анҷоми сохтмони беморхонаи сироятӣ дар Данғара 8 млн сомонӣ равона шуд, ки барои бунёди дигар ишоот пешбинӣ гардида буданд.

Сардори Сарраёсати сохтмони вилояти Хатлон Абдувоҳид Саъдуллозода зимни нишасти хабарии 10 феврал дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони беморхонаи сироятӣ барои 80 кат дар Данғара идома дорад.

“Лекин бо сабаби пандемияи COVID-19 сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дастур дод, ки лоиҳа бозбинӣ ва шумори катҳо то 200 адад зиёд шавад, – гуфт ӯ. – Аз ин рӯ, мо маҷбур шудем, ки 8 млн сомонии барои дигар иншоот пешбинишударо ба сохтмони ин беморхона равона созем”.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки нақшаи нави молиявии иншоотеро, ки маблағгузориашон қатъ шуд, ба Вазорати молия фиристодаанд.

“Нақшаи нави маблағгузории иншооти мазкурро ҷиҳати баррасӣ ба Вазоратҳои молия ва рушди иқтисод фиристода, умедворем, ки аз ҳисоби буҷети марказӣ маблағгузорӣ таъмин шуда, ба бунёди иншоотҳо идома медиҳем”, – гуфт вай.

Дар ҳамин ҳол, Саъдуллозода дар бораи маҳз ба кадом иншоот қатъ шудани маблағгузорӣ ва фиристодани он ба сохтмони беморхона маълумот надод.

Зимнан зикр шуд, ки соли 2020 барои сохтмони иншооти давлатӣ 12,5 млн сомонӣ маблағ равона шуд.

“Ҳамчунин бо қарори раиси вилоят иловагӣ 2 млн сомонӣ ҷудо гардида, ҳамагӣ 14,5 млн сомонӣ маблағҳо азхуд шуд”, – қайд кард номбурда.

Ба гуфтаи Саъдуллозода, то ҷашни Наврӯз ба истифода додани 4 иншоот, аз ҷумла беморхонаи сироятӣ дар Данғара, мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Хуросон, қисмате аз бинои ҳукумати ноҳияи Панҷ ва маркази бемориҳои дил дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.