Дар Тоҷикистон бузургтарин корхонаи мурғпарварӣ дар Осиёи Марказӣ сохта мешавад

Date:

Дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара бузургтарин натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ корхонаи мурғпарварӣ сохта мешавад.

Он аз 26 коргоҳ иборат буда, шумори мурғҳои он 60 ҳазор сарро ташкил хоҳад дод. Иқтидори истеҳсолии корхона дар навбати аввал 5,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ дар як сол ва минбаъд то 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Корхона аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои бисёрсоҳавии Avesto Group бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш дар арафаи ҷашни Наврӯз (март) ё Рӯзи ваҳдати миллӣ (июн) ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, айни замон дар Тоҷикистон 177 корхонаи мурғпарварӣ фаъолият доранд, ки 43 корхона зиёдтар нисбат ба соли гузашта буда, истеҳсоли гӯшти мурғ дар ҷумҳурӣ ба 30,6 ҳазор тонна расид, ки 2,4 баробар бештар нисбат ба соли пешин аст.

Давоми солҳои 2021-2022 танҳо дар вилояти Хатлон бунёди боз 11 корхонаи нави мурғпарварӣ ба нақша гирифта шудааст.

“Ин ба Тоҷикистон барои содироти гӯшт ва тухми мурғ ба хориҷи кишвар имкон фароҳам меорад”, – гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 983 млн дона тухм истеҳсол шуда, лекин барои пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба он истеҳсоли на камтар аз 1,6 млрд дона дар як сол зарур аст.

Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз афзоиши истеҳсол, нархи тухм боло рафта, имрӯз як қуттӣ тухм (30 дона) бо нархи 35-36 сомонӣ (соли гузашта – 24-30 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Вазир мегӯяд, сабаби асосии қиматшавии тухм дар он аст, ки 70%-и хӯрокаи мурғ аз хориҷи кишвар ворид шуда, он ба арзиши аслии маҳсулот таъсири зиёд мерасонад.

“Мо фаъолияти 3 корхонаи мурғпарвариро таҳлил карда, дақиқ намудем, ки барои истеҳсоли 1 дона тухм 1,17 сомонӣ маблағ харҷ мешавад”, – изҳор дошт ӯ.

Барои коҳиши арзиши аслии маҳсулот Вазорати кишоварзӣ афзоиши парвариши растаниҳо барои хӯрока, коркарди он ба комбикорм ва ба ин васила кам кардани воридоти онро пешниҳод мекунад.

Қобили зикр аст, ки имрӯз истеҳсолкунандагон хӯрокаро дар бозор мехаранд ва нархи 1 килои он 6-7 сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...