Ҳабиб Нурмагомедов баргузории мусобиқаи ММА-ро дар Душанбе ваъда дод

Размикори тоҷик ММА Фаридун Одилов варзишгари рус Сергей Калининро мағлуб карда, ба камарбанди қаҳрамони Лигаи EFС дар вазни миёна соҳиб шуд. Муҳорибаҳои мусобиқа дар шабакаи телевизиони “Матч ТВ” намоиш дода шуд. Мусобиқаи EFС 33 дар Маскав таҳти сарпарастии Ҳабиб Нурмагомедов доир гадида, аз ду муҳориба барои ба даст овардани унвон, ки якеаш бо иштироки Фаридун […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Размикори тоҷик ММА Фаридун Одилов варзишгари рус Сергей Калининро мағлуб карда, ба камарбанди қаҳрамони Лигаи EFС дар вазни миёна соҳиб шуд. Муҳорибаҳои мусобиқа дар шабакаи телевизиони “Матч ТВ” намоиш дода шуд.

Мусобиқаи EFС 33 дар Маскав таҳти сарпарастии Ҳабиб Нурмагомедов доир гадида, аз ду муҳориба барои ба даст овардани унвон, ки якеаш бо иштироки Фаридун Одилов буд ва 13 муҳорибаи касбӣ иборат буд.

Пас аз анҷоми муҳориба Фаридун дар навбати аввал ба Ҳабиб Нурмагомедов барои имкон додан ба иштирок дар муҳориба изҳори миннатдорӣ намуда, сипас назди ҳарифаш Сергей Калинин омад ва самимона дасти ӯро фишурд.

Дар идома ӯ ба мухлисони худ муроҷиат намуда, онҳо ва тамоми Тоҷикистонро бо пирӯзӣ табрик кард.

Ҳабиб Нурмагомедов қайд кард, ки тоҷикон хеле самимона барои ММА мухлисӣ мекунанд ва ваъда дод, ки моҳи августи соли 2021 дар Душанбе ба ин монанд мусобиқа баргузор мекунад.

Ҳамчунин ӯ ба қаҳрамони ин шом – Фаридун Одилов барору комёбӣ ва бори дигар ҳимоя аз унвонро орзу кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.