Лоиҳаи нави Кодекси андоз ба баррасии омма пешниҳод шуд

Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шуда, барои баррасии омма пешниҳод мешавад, хабар медиҳад котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ Бо лоиҳаи пешакии Кодекс дар сомонаи www.itcmf.tj/kodeks шинос шудан […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Лоиҳаи пешакии Кодекси андоз дар таҳрири нав аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар ҳамкорӣ бо мушовирони сатҳи байналмилалӣ, коршиносони маҳаллӣ, намояндагони ниҳодҳои соҳавӣ, ассотсиатсияҳо ва доираи бахши хусусӣ бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия карда шуда, барои баррасии омма пешниҳод мешавад, хабар медиҳад котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ

Бо лоиҳаи пешакии Кодекс дар сомонаи www.itcmf.tj/kodeks шинос шудан мумкин аст.

Вазорати молия таъкид месозад, ки Лоиҳаи мазкур ҳуҷҷати ниҳоӣ набуда, дар доираи таклифу пешниҳоди асосноки шаҳрвандон такмил дода шуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии ҳукумати Тоҷикистон ирсол мегардад.

Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон дархост мешавад, ки ҷиҳати такмил ва мукаммалгардонии лоиҳаи мазкур таклифҳои худро мутобиқи намунаи дар сомонаи дар боло зикршуда ё ба тариқи хаттӣ ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Академик Раҷабовҳо 3 ирсол намоянд.

Муҳлати таклифу пешниҳодҳо то 25 феврали соли равон муқаррар шудааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи майи соли 2019 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ин масъала дастур дод, ки лоиҳаи нави Кодекси андоз бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони кишвар таҳия карда шавад.

Моҳи феврали соли гузашта раҳбарияти Вазорати молия хабар дод, ки Кодекси нави андоз бояд то моҳи сентябри соли 2020 мавриди амал қарор гирад, то ки бар асоси он сохторҳои дахлдор буҷети соли 2021-ро таҳия намоянд.

Лекин қонунгузории нави андоз дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор нагирифта, дар Кумитаи андоз сабаби ба таъхир афтодани қабули Кодекси навро пандемияи коронавирус маънидод карданд.

Президенти ҷумҳурӣ зимни ироаи паёмиба парлумон моҳи январи соли равон аз Вазорати молия ва сохторҳои дигари ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки Кодекси андозро дар таҳрири нав то моҳи марти соли 2021 омода карда, ба баррасии ҳукумат пешниҳод кунанд.

Президент дастур дод, ки дар таҳияи Кодекси нави андоз ба масъалаи додани сабукиҳо ба соҳибкорон, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ кунанд.

Дар раддабандии охири Бонки ҷаҳонӣ “Пешбурди тиҷорат”, ки ба муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузории кишварҳои ҷаҳон аз рӯйи 10 меъёр баҳо дода мешавад, Тоҷикистон бо касби 61,3 имтиёз аз 100 имтиёзи имконпазир зинаи 106-умро ишғол намуд. Аз рӯйи меъёри “андозбандӣ” дар ин раддабандӣ Тоҷикистон дар зинаи 139-ум қарор дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.