Ҳаёев, Илҳом-командир, Бобоев: Тасарруфгарони калони пулҳои “Агроинвестбонк” кистанд?

Asia-Plus

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯзи худ парда аз баъзе парвандаву қазияҳои пурсарусадои "Агроинвестбонк" бардошт. Сулаймон Султонзода, раиси ин Оҷонсӣ дар нишасти хабарӣ ҷузъиёти парвандаҳои Исматулло Ҳаёев, молики ширкати "ХИМА" ва яке аз ёрони тиҷоратии Муродалӣ Алимардонов ва дигар шахсони маъруфи дар ин қазия дахилро ба хабарнигорон шарҳ дод.

Аз ҷумла Султонзода дар бораи зарарҳои расонидаи яке аз тоҷирони калони тиҷорати пахта Илҳом Ҳотамов, маъруф ба Илҳом-командир ё Илҳоми Ботурободӣ гуфт, ки ӯ барои хисороти калони молӣ ба давлат – гирифтани 6,4 миллион сомонӣ қарз ва пурра ғайримақсаднок истифода кардани он, барои 9 сол равонаи зиндон шуд. 

"Соли 2009 молик-бенефитсиари ҶСК "Котонтекстайл" Ҳотамов Илҳом Шарбатович  дар якҷоягӣ бо директори ҷамъияти мазкур Ҳакимов Раҷаб 6,4 миллин сомони маблағҳои барномаҳои давлатиро аз "Агроинвестбонк" ба тариқи  кредит  гирифта, онро бо роҳи истифодаи  ғайримақсаднок пурра тасарруф намудаанд", – гуфт раиси Оҷонсӣ.

Додгоҳи шаҳри Душанбе Илҳом Ҳотамов ва Раҷаб Ҳакимовро бо моддаи 246 қисми 3  КҶ ҶТ (тасарруфи маблағҳои кредитӣ ба миқдори махсусан калон) муҷрим шинохту  Ҳотамовро барои 9 сол равонаи зиндон кард ва Ҳакимов бо супоридани ҷарима озод шудааст. 

Бино ба изҳороти Оҷонсӣ, маблағи зарари расонадаи Илҳом-командир ва ёронаш бо назардошти ҷаримву фоизҳо бо маблағи 9,2 миллион сомонӣ пурра барқарор шудааст.

Ҳамчунин Оҷонсӣ қазияи пурсарусадои Исматулло Ҳаёев, молики гуруҳи ширкатҳои ХИМА-ро низ шарҳ дод.  Ин ниҳод дар тиҷорати Ҳаёев тасарруфи наздик ба 50 миллион сомонии пули "Агроинвестбонк"-ро ошкор кардааст.

Исматулло Ҳаёев, писари Изаттулло Ҳаёев сарвазири собиқи Тоҷикистон ва яке аз ёрони тиҷоратии Муродалӣ Алимардонов, раиси "Агроинвестбонк" гуфта мешавад.  

Бино ба иттилои  Оҷонсӣ, "молик-бенефитсиари ширкатҳои ХИМА Ҳаёев Исматулло дар якҷоягӣ бо дигар шахсони масъули ширкатҳои мазкур соли 2009 аз Агроинвестбонк  54,3  млн сомонӣ  маблағҳои мақсадноки барномаҳои давлатии рушди  соҳаи кишоварзиро ба сифати кредит гирифта,  бар  хилофи талаботи шартномаи қарзӣ,  49,3  млн сомонии онро бо роҳи истифодаи ғайримақсаднок тасарруф намудаанд".

Ба гуфтаи Султонзода, Ҳаёев низ бо моддаи 246 қисми 3 КҶҶТ аз сӯйи Додгоҳи шаҳри Душанбе гунаҳкор дониста шуда, барои 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва яке аз масъулони ширкатҳои вай бо номи Бобев барои 10 сол ба зиндон равона гардид. 

Оҷнсии зидди фасод бар ин назар аст, ки ин ҳолатҳои тасарруфи ҳангуфти маблағҳои "Агроинвестбонк",  аз сӯйи ин бонк "бар хилофи талаботи  дастурамали  Бонки миллӣ "Дар бораи тартиби додани қарз ва ҳисоб кардани фоиз дар ташкилотҳои қарзӣ", хусусан дуруст муайян накардани вазъи моляивию пардохтпазирии мизоҷ,  ба таври зарурӣ баҳогузорӣ накардани амволи гарав ва омилҳои дигар" сар задааст.

Ба ҳамин тартиб ба иддаои Оҷонсии зиддифасод, "ба се ширкати  гуруҳи "Хуҷандинвесткотон"  дар доираи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи ресандагӣ 41, 4 миллион сомонӣ қарзи муҳлатноки бонкӣ дода шудааст.  Дар натиҷаи роҳ додан ба чунин хунукназарӣ,  масъулини ширкатҳои мазкур  31,5 миллион сомонӣ қарзи гирифтаро мақсаднок  истифода накарда, бо роҳи пардохти  қарзҳои қаблии худ ва дигар хароҷоти пешбинишуда, тасарруф намудаанд".  

Ҳоло нисбат ба муассиси гуруҳи ширкатҳои "Хуҷандинвесткотон" Негматов ва дигар шахсони масъули  гуруҳи ширкатҳои мазкур низ бо моддаи 246 қисми 3 КҶҶТ  парвандаи ҷиноятӣ  боз шудааст, ки тафтишоти он давом дорад. 

"Агроинвестбонк" тақрибан 6 сол боз бо буҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 700 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад ва ҳоло 650 миллион сомонии дигар қарзи пасандозҳои мардумро нагардонидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...