Қадами Қурбон: “4 моҳ як бемории номаълум қариб мекуштам, аммо аз оби дам шифо ёфтам”

Қадами Қурбон овозхони дар миёни ҷавонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф, мегӯяд чор моҳ ба як бемории номаълуме гирифтор будааст, ки ӯро то дами марг бурдааст. Аммо ҳоло ду ҳафта шуд саломатиям хубтар шуда, аз беморӣ раҳо шудам ва дар хона қарор дорам, гуфт дар суҳбати телефонӣ ба «Азия-Плюс» овозхон. Ин овозхони тоҷик мегӯяд, тӯли чор моҳ […]

Қадами Қурбон овозхони дар миёни ҷавонон ва шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф, мегӯяд чор моҳ ба як бемории номаълуме гирифтор будааст, ки ӯро то дами марг бурдааст. Аммо ҳоло ду ҳафта шуд саломатиям хубтар шуда, аз беморӣ раҳо шудам ва дар хона қарор дорам, гуфт дар суҳбати телефонӣ ба «Азия-Плюс» овозхон.

Ин овозхони тоҷик мегӯяд, тӯли чор моҳ бемории барояш номаълум ӯро азият медод, ки ҳеҷ доруву табибе натавонистааст дардашро даво бахшад. Ӯ гуфт, баъди муолиҷаҳои тӯлонӣ 15 рӯз барои дақиқ намудани беморӣ дар беморхонаи «Мадади Акбар»-и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда, табобат гирифтааст.

«Ягон дору даво накард, 15 рӯз дар беморхонаи «Мадади Акбар» бистарӣ будам, гуфтан бемории меъда дорам. Аммо ман аз дарди меъда азият намекашидам ва шикояте надоштам»,-гуфт овозхон

Ба гуфтаи Қадам, як зарф об сабаб шуду ӯ аз бистари беморӣ бархест ва ҳоло мегӯяд, «ҳеҷ беморие маро думболагир набудааст ва нест».

«Як шиносам гуфт, ки ман зиён (ҷин) дорам ва як зарф оби дам оварданд, нӯшидам. Се рӯз парҳез намуда, ҳеч гуна хӯрок истеъмол намекардам. Ҳоло сиҳату саломатам. Аз дасти аҷал раҳо шудаму боз дар тӯю маракаҳо хидмат мекунам», – гуфт ӯ.

Ин сароянда мегӯяд, тамоми мухлисонаш аз бемор буданаш огоҳ буда, ҳамарӯза ба хабаргирияш меомаданд. «Ман дар Душанбе ҳастам ва дар вақти бемор буданам тамоми мардуми Тоҷикистон ба хабаргириям омадан ва аз ҳолам пурсон шуданд. Вазъиятам хуб аст».  

Сарояндаи тоҷик Қадами Қурбон дар як муддати кӯтоҳ ба ситорае табдил ёфт, ки наворҳои сурудхонии ӯро дар шабакаи YouTube беш аз 3 миллион нафар тамошо карданд. Акнун ӯро барои таблиғоти хеш ширкатҳои бузург ва машҳур даъват менамоянд ва ӯ дар хориҷи кишвар барномаи консертӣ дода, албоми нахустини сурудҳояшро омода карда истодааст. 

Бояд гуфт, ки овозхони маъруфи тоҷик Ҷонибек Муродов дар нахустин сабти намоҳанг (клип)-и касбӣ таҳти унвони “Азизам” ба сароянда Қадами Қурбон кумак кард. Клип дар шабакаи YouTube дар як муддати кӯтоҳ шумори зиёди тамошобинонро ҷалб кард.

https://www.youtube.com/watch?v=Клип, https://www.youtube.com/watch?v=0uELGPqh32A&feature=emb_logo

Маълумотнома аз “Азия-Плюс”:

Қадами Қурбон 1 феврали соли 1974 дар деҳаи Чагам, ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини минтақаи Кӯлоб, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Падараш Гулмаҳмад Қурбонов, омӯзгори фанни химия ва биология буд. Модараш қаҳрамонмодар аст. Дар мактаби № 11, ба номи Алишер Навоӣ (ҳоло МТМУ № 33) таҳсил кардааст. Солҳои 1993 – 1995 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмати ҳарбиро адо кардааст.

Онҳо 10 бародарону хоҳарон буда, Қадами Қурбон фарзанди 8 – уми оила мебошад. Қадами Қурбон оиладор буда, соҳиби 6 фарзанд: чор писару ду духтар аст. Духтари калониашро ба шавҳар дода, писараш Қаноат, ки ҳамроҳаш сурудхонӣ мекунад, оиладор ва донишҷӯи Донишкадаи санъат аст. Фарзандони дигараш ҳоло дар мактаб таҳсил мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.