Фасод дар неругоҳи Роғун: 124,5 млн сомонӣ ғайриқонунӣ тасарруф шудааст

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли 2020 дар сохтмони неругоҳи Роғун 124,5 млн сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор кард, хабар дод имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Агентии мазкур Сулаймон Султонзода. Бино ба гуфтаи Султонзода, қариб ҳамаи маблағи ғайриқонунӣ азхудгардида баргардонида шудааст. “Нисбати роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке […]

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли 2020 дар сохтмони неругоҳи Роғун 124,5 млн сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетиро ошкор кард, хабар дод имрӯз ба рӯзноманигорон раиси Агентии мазкур Сулаймон Султонзода.

Бино ба гуфтаи Султонзода, қариб ҳамаи маблағи ғайриқонунӣ азхудгардида баргардонида шудааст.

“Нисбати роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке аз паймонкорони бунёди неругоҳи Роғун аст, аз рӯйи далели тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,8 млн сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”, – хабар дод роҳбари ин ниҳод.

Зикр шуд, ки роҳбари ширкати сохтмони “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода ба ҳабс гирифта шудааст.

Ғайр аз ин, Агентии зиддифасод дуздии ҳудуди 818 ҳазор сомониро, ки ҳукумати Тоҷикистон барои муқовимат бо пандемияи COVID-19 ҷудо карда буд, низ ошкор кардааст.

“Боз 48 ҷиноят аз рӯйи далелҳои фурӯши дорувориҳое, ки ба беморхонаҳо барои тақсимоти бепул ба беморони гирифтори сирояти коронавирус фиристода шуда буданд, ошкор гардиданд”, – илова намуд ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.