Нигаронии Шералӣ Кабир аз рушди саноати сабуки Тоҷикистон

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мавриди рушди саноати сабук дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард. Дар ин робита ӯ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон, ки “имконоташ нисбати мо камтар аст”, дар соҳаи саноати сабук 158 ҳазор нафар кор мекунанд. “Ин нишондиҳанда дар мо чанд баробар пасттар аст, – гуфт вазир зимни нишасти […]

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар мавриди рушди саноати сабук дар ҷумҳурӣ изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин робита ӯ изҳор дошт, ки дар Қирғизистон, ки “имконоташ нисбати мо камтар аст”, дар соҳаи саноати сабук 158 ҳазор нафар кор мекунанд.

“Ин нишондиҳанда дар мо чанд баробар пасттар аст, – гуфт вазир зимни нишасти матбуотии имрӯза. – Моро лозим аст, ки ба корҳо дар ин самт, бахусус дар соҳаи коркарди нахи пахта ва абрешим тақвият бахшем”.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи 1 млрд 406,9 млн доллар ба хориҷи кишвар молу маҳсулот содир кардааст.

“Аз он 1 млрд 215,4 млн доллар ба соҳаи саноат рост омада, дар ин давра ҳаҷми содироти алюминий 87 ҳазор тонна, маъдан – 191,4 ҳазор, семент – 1 млн 313 ҳазор ва нахи пахта – 100,1 ҳазор тоннаро ташкил дод”, – гуфт Шералӣ Кабир.

Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки Тоҷикистон дар самти истеҳсол ва содироти семент имконоти зиёд дорад.

“Соли гузашта 5,6 млн тонна семент истеҳсол шуда, 1,3 млн тоннаи он ба Ӯзбекистону Афғонистон фурӯхта шуд”, – қайд кард вазири саноат.

Зимнан зикр шуд, ки соли сипаришуда суръати афзоиши соҳаи саноат дар ҷумҳурӣ 9,7%-ро ташкил дод.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 2274 корхона ба қайд гирифта шуда, 110-тои онҳо бо сабабҳои гуногун фаъолият надоштанд.

“Соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаи нав таъсис дода шуда, дар онҳо 6500 ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуданд", – илова кард Шералӣ Кабир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.