Ӯзбекистон ба бозсозии хатти интиқоли барқи Гузар – Регар оғоз кард

Date:

Дар Ӯзбекистон корҳои таъмиру навсозии 63 километр қитъаи хати интиқоли барқ (ХИБ)-и 500 кВ Гузар – Регар оғоз шуд.

Барои нигаҳдории тавозуни захираҳои энергетикӣ ва обӣ, инчунин таъмини устувори истеъмолгарон бо барқ, Ӯзбекистон дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳои сармоягузориро амалӣ мекунад.

Тавре дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, аз ҷумла ҶС “Шабакаҳои миллии барқи Ӯзбекистон” лоиҳаи сармоягузории “Таҷдиди хати интиқоли барқи 500 кВ Гузар – Регар(Л-507)”-ро татбиқ мекунад.

Гуфта мешавад, маблағи харҷи пешакии лоиҳа 25 млн доллар арзёбӣ шуда, анҷоми корҳои таъмиру навсозии қитъаи мазкур семоҳаи чоруми соли равон дар назар аст.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи сармоягузории мазкур дар ҳамкорӣ бо ширкати Shanghai Electric Power Transmission & Distribution-и Чин, ки ғолиби тендери байнулмилалӣ аст, амалӣ мешавад.

Лоиҳа бар асоси санади Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳия ва амалӣ мешавад. Он ба таъмини эътимоднокии таъмин бо барқ зимни кори ҳамсони низомҳои энергетикии ду кишвар равона шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...